Ҳизби Наҳзати ислом ташкилоти террористист!!!

Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд. Дар расонаҳо имрӯз аз расман эътироф намудани Ҳизби Наҳзати исломро ҳамчун ташкилоти террористӣ аз тарафи давлати Ҳиндустон маълумот шудааст. Бояд қайд намоем, ки ҲНИ дар мамлакати мо аз оғози солҳои 70-80 қарни гузашта сар карда бо дархости хоҷагони хориҷии худ ҷавононро ба худ ҷалб намуда сафи худро дар Тоҷикистон зиёд намуд. Соли 1991 ҲНИ расман ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар саҳни сиёсат пайдо гардид. Аммо касе намедонист, ки онҳо нияти нопок доранд. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд. Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш руи майдон омаданд. Моҳи сентябри соли 2015 низ амалҳои нобахшидании худро анҷом дода боиси марги чанд тан бегуноҳон гардидан. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Аммо нақшаҳои тарҳрезӣ намудаи онҳо то охир амалӣ нагардид. Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки муздурони ҳама ҳизбҳои исломӣ ва террористӣ аз дини поки Ислом сӯйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд. Дар ҳар як дин (на фақат дар ислом) эҳтимолияти падидаи экстремизм дида мешавад. Оинҳои динӣ рафтори муайян, ҳисси тобеият, дарки масъулиятро дар шакли амрҳои динӣ дастур медиҳанд. Аз ин рӯ, экстремизми динӣ дар давраҳои гуногуни инсоният дар кишварҳои гуногун, дар қаъри мазҳабҳои гуногун ба вуҷуд омадааст. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки ҳудуди байни кишварҳои мусулмониро эътироф намекунад. Фаъолияти онҳо ҳамаи ҷаҳони исломиро фаро гирифта, мақсадашон бошад, барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас бар тамоми ҷаҳон мебошад. Воқеаҳои ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки айни замон бузургтарин таҳдид ин фақат экстремизм не, балки экстремизми динӣ мебошад. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти ба ном Давлати исломии Ироқу Шом, ки тамоми Ховари Миёнаро бахусус: Ироқ, Сурия, Либия, Яман ва ҳоло бошад, таҳдиди вай ба Афғонистон ва давлатҳои ҳамсарҳади Осиёи Миёна дида мешавад, метавон хотиррасон кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *