Ҳизби хиёнатпеша

1 Leave a comment on paragraph 1 0 Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст,терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Аз замони табаддулоти пофарҷоми ТТЭ ҲНИ инак соли сеюм сипарӣ мешавад. Ин ташаккулаи  террористии хиёнатпеша, аз роҳҳои қонунӣ ба даст овардани си    сиро натавонист ва ба интихоби порлумони соли 2015 ду курсии дар порлумон доштаро аз даст дод, шеваҳои хашини фаъолиятро истифода кард. Ин табаддулоти мазкур бори дигар мағшуш шудани фазои кишвар гардид. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд. Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш рӯи майдон омаданд. Моҳи сентябри соли 2015 низ амалҳои нобахшидании худро анҷом дода боиси марги чанд тан бегуноҳон гардидан.  Роҳбарони ТЭ ҲНИ, ки дар  дарозои  замони мавҷудияти хеш кореро ба ҷуз аз хиёнат ба миллат анҷом надода буданд ва ҳамеша аъмоли онҳо зидди озодӣ ва истиқлоли миллӣ буд, бори дигар ба халқу ватани худ хиёнат карданд.

2 Leave a comment on paragraph 2 0     Ин ташкилоти террористӣ пас аз созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам аз ғаразу ҳамоқатҳои хеш даст накашида ба тарзи мудовом ба террори ақидагӣ машғул шуд ва аз озодиву имконҳое, ки дар заминаи ин созишнома ба даст оварда буданд, кўшид то ҷомеаро сахт мазҳабиву ҳуруфотӣ ва таассубзада намояд. Афкори пучу бемояи ин ҳизб зеҳни ҳазорон ҷавононро вайрон намуда,сабаби ба гуруҳҳои террористӣ пайваст шудани онҳо гардид.Қайд кардан ҷоиз аст,ки аз тарафи ҳамин гуна нафарон ҳамагуна хиёнатро интизор шудан мумкин аст.

3 Leave a comment on paragraph 3 0     Чанд ҳодисаҳои нанговаре,ки аз тарафе ин қабил нафарон дар ҷумҳуриамон ба вуқуъ омада маҳз бо дастури саркардагони ТТЭ ҲҲӢ сурат гирифтаанд, хиёнатҳои аввалини наҳзатиҳо набуд,балки онҳо хиёнатро аз бомдоди истиқлол шурўъ намуда,дар солҳои 90-уми қарни гузашта вуҷуди миллату кишварро зери савол мондаанд. Ғайр аз ин чун дар замири саркардагони ин ҳизб арзиши  истиқлолияту худшиносии миллӣ набуд,худро ба оғўши доираҳои  мазҳабии  баъзе кишварҳои исломӣсупурданд ва ба ҷои арҷ гузоштан ба Истиқлолият  ва арзишҳои онро дар сатҳи миллӣ дарк намоянд. Аз тарафи дигар барои ин нафарон худи шинохти миллат дар дидгоҳи танг ва маҳдуд дақиқ дар шакли маҳалгароӣ ва дар шакли дину мазҳаб фаҳмида мешуд.

4 Leave a comment on paragraph 4 0 Аҳли ҷомеа ва мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ба афсонаҳои ТТЭ ҲНИ бовар надорад. Барои мардум аз ҳама муҳимтар суботи иҷтимоӣ ва сулҳу оромӣ мебошад. Ба ҳама маълум гардидааст, ки даъвату гуишҳои раёсати ин ҳизб на роҳнамоикунанда, балки гумроҳикунандаанд. Ҳамаи мушкилотро мо танҳо дар сулҳу осоиштагӣ бароварда карда метавонем.

5 Leave a comment on paragraph 5 0    Аз ин рў, ҳар фарди миллатро зарур аст  масъулиятшинос шуда, барои халқу ватани худ покдилона хизмат намояд. Ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бар зидди душманони миллат-роҳбарони ТТЭ ХНИ муттаҳид бошанд.

6 Leave a comment on paragraph 6 0 Холшехова Сарвар
муаллимаи калони кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *