Изҳороти устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ дар мавриди муноқишаҳои марзӣ ва амалҳои ношоистаи тарафи Қирғизистон

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолибе дар мавриди тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба нашр расиданд, ки албатта ин ҳолат ҳар як шахси ватандӯстро бетараф намегузорад. Чаро сарбозони қирғиз даст ба чунин амали ношоиста мезананд ва дар замине, ки минтақаи баҳсӣ ҳисобида мешавад, ҳама созишномаҳоро нақз намуда, ба сохтмон шуруъ менамоянд. Ба ғайр аз ин ба сӯи мардум оташ мекушоянд, магар ин амалкарди онҳо аз рӯи адолат аст?!

Чуноне, ки ҳамагон тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ гаштем чанд рӯз пеш  дар сарҳадаи байни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Исфара муноқиша ва задухӯрд ба амал омад. Даҳшатовар он аст, ки дар муноқиша силоҳои оташфишон  истифода шуданд. Ин чи даҳшатест, ки дар ин давру замон. Мардуми ҷаҳон аз вабои аср каронавирус мемиранду лек мардуми ҳамсояи мо бошад меҷангад.

Агар ба таърих рӯй оварем аён мегардад, ки чандин урфу одат анъана, маъракаҳои миллӣ, таомпазӣ,либоспӯшӣ, зироаткории мо ба ҳам наздик аст. Пас чаро мо имрӯз ҳамаи инро сарфи назар мекунему меҷангем. Бигузор мардуми кӯҳистон кишту кор кунад. Ризқу рӯзии худро ёбаду фарзандонаш ва хонаводаашро обод намояд.

То кай мекунад давом ин корҳои бесомон, охир мо мардуми ба ору номуси тоҷик таи қарнҳо аст, ки бо рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек маъмули оламиён гаштаем. Мардуми қирғиз чӣ ҳуқуқ дорад, шаъну шарафи мардуми тоҷикро паст мезанад ва гапу калочаҳои беасосро паҳн макунад. Ҳукумати Тоҷикистон нотавон нест! Мо мардуми ба ору номус ҳастем ва як қатра ҳам ҳаққи касро намегирем. Зеро ҳаққи кас ҳаром асту насиб намекунад. Инро ҳатто кӯдаки хурдсол ҳам медонад. Пас чаро мо инсонҳои ба камолрасида соҳиби ақлу заковат нисбати худ ин гуна амалҳои беинсофонаро раво мебинем. Барои ин корҳоро ҳаллу фасл намудан мо мақомотҳои дахлдор дорем ва бигузор онҳо ин масъаларо бо роҳи сулҳҷӯёна ва барои ҳарду кишвар муфид ҳаллу фасл намоянд, то ки мо мардуми дӯсту ҳамсоя дар фазои орому осоишта умр ба сар барем.

 

Амали муғризонаи сарҳадбонони ҶҚ нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад. Айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият, корҳои фаҳмондадеҳиро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд.

Албатта, ҳеҷ кас нооромии вазъиятро намехоҳад, аммо чаро ба чунин дасиса даст задани сарбозони қирғиз касро ба андеша водор менамояд. Мо бояд ҳусни ҳамсоядроӣ ва ҳамдигарфаҳмию муносибати бародаронаро риоя намоем. Аз ин ҳолат, албатта, душманони миллат истифода мебаранд ва мехоҳанд боз дар минтақа вазъ ноором боқӣ бимонад. Мо хуб медонем, ки баъди сафари Пешвои миллат ба Исфара ва мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон чандин санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд ва бояд онҳо пурра риоя карда шаванд. То аниқ гаштани хатти марз сохтмони ҳамагуна иншоотҳо дар минтақаҳои баҳснок қатъиян манъ аст, пас чаро тарафи Қирғизистон ин талаботро риоя накарда худсарона ба сохтмони ҳар гуна иншоотҳо даст мезанад?! Хотима бахшидани масъалаҳои марзӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид бояд ҳалли худро ёбанд ва истифодаи силоҳ дар муқобили шаҳрвандон оқибати хуб надорад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *