Изҳороти устодони  кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ оид ба фаъолияти ТТЭ  ҲНИ ва хатари он ба ҷомеаи Тоҷикистон

Дар ҷаҳони мутамаддин мунтазам ҳодисаву воқеаҳое рӯй дода истодаанд, ки боиси сарафкандагии мусалмонон ва кам нишон додани дини мубини Ислом дар назди ҷомеаи башарӣ мебошад.

Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалахои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шаркӣ мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ ҳам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Хизбу ҳаракатҳои  дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққи дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятхое низ вуҷуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида маҳз хатоӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемаҳо ҷой доранд. Ба ин мисол шуда метавонад, фаъолияти Ҳизби наҳзати Исломи, харакати мардумии Растохез, ки баъди интишори қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар  ҶШС

Тоҷокистон”- 12 декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст ташкил ёфтан гирифтанд. ХНИ 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоханд, ки ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, ба монанди собиқ роҳбари ХНИ, ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурияи Араб, Ирок шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд, ҳалок шудаанд. Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ёфтани низоҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Аз ин ҷост, ки ҷомеаи ҷахонӣ бояд бидонад,  ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995  миллати тоҷик дар марзҳои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта ба ивази қурбониҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Тоҷикистон нерӯҳои ифротгароии динӣ ва дигар давлатҳои осиёгии аъзои ИДМ мавқеи роҳбарии худро дошта бошанд. аз ин чост ки Ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои камшуморест, ки муқобили ин қабил озмоишҳои ракобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро мақоми худ кардааст, фаъолиятҳои зиёдаравии динӣ корвони худро аз мамлакатҳои Шарқ ба ҷойҳои наздиктари мамлакатҳои Ғарб интиқол додаанд, ки ҳоло бо номи созмони ифротгароию террорисии ДИИШ дар либоси сиёҳи дӯстдорони дини ислом корҳои душманони онро бароварда хайр карда истодааст. Вале ин падидаи бад на танҳо пайванди худро ба манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст. Яке аз ин гуна озмоишҳои онхо моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон буд, ки онро ба ҳадафи нопоки худ кашиданӣ буданд. Овози баланди мардуми мо “ Ман Ватанамро беш аз харвакта дорам дӯсттар”- пирӯзии комили мардуми точикро таъмин намуд. Ин гурӯхи нотавонбини аз оламу одам норозӣ  хамавакт будан мемонанд ва ғаразҳои нопоки онҳоро сарфи назар карданӣ намешаванд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *