Инсон дар Тоҷикистон арзиши олӣ эълон шуда, шинохти тамоми арзишҳои дигарро дар доираи манфиат ва манзалати он имконпазир мегардонад, ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дорои аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў боло буда наметавонад. Ҳама чиз дар давлат ва ҷомеа барои қонеъ гардонидани талаботи инсон равона шудааст. Ин нуқта дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он хотир таъкид шудааст, ки таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ онро собит сохтааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 14 эълон доштааст, ки мазмуну мўҳтавои ҳамаи дигар қонунҳоро ҳуқуқ ва озодии инсон ташкил медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ва арсаи байналмилалӣ обрў ва мақоми махсус дорад. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлоли дар тамоми самтҳои хоҷагии мамлакат пешравӣ ва комёбиҳои назаррас ба миён омаданд. Аммо бархе аз душманони миллат ободӣ пешравии мамлакатамонро сарфи назар намуда, дар ҷамъомаду ҳамоишҳои байналмилалӣ беасос ва бо суханҳои бардурўғ баромад менамоянд. Ёдовар мешавем, ки ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф гардидааст.
Ҳодисаҳои нангини 4-16 сентябри соли 2015 – сўиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом сурат гирифт, собит намуд, ки баъзе аз доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанўз аз ниятҳои бадхоҳона нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд.
Бо баробари ин амали зишт вақтҳои охир аъзоёни Анҷумани озодандешони тоҷик тавассути сомонаҳои интернетӣ бо ҳаргуна навиштаҳои хоинона баромад намуда истодаанд, ки дар қатори онҳо Муҳиддин Кабирӣ низ қарор дорад.
Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон хонаи умеду орзуҳои ҳар як сокини бонангу номуси он мебошад. Аммо ин гурўҳи ҷиноятпеша бо сарпарастии хоҷагони хориҷиашон нисбат ба меҳану Ватани худ хиёнат ва гуноҳи азиму нобахшандани содир намуданд, ки он нишонаи носипосӣ ба зодгоҳи худ мебошад.
Аз ин рў, мо устодони кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ суханҳои бардурўғу бўҳтононаи саркардаҳои ТЭТ ҲНИ ва аъзоёни Анҷумани озодандешони тоҷикро шадидан маҳкум менамоем.