Изҳороти устодони кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ оид ба фаъолияти ташкилоту созмонҳои ифротагро дар хориҷи кишвар

Мо, устодони кафедраи ҷомеашиносии  ДИС ДДТТ сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи  Ҳукумати Тоҷикистонро ҳаматарафа дастгирӣ карда, дахолати онҳоеро, ки аз хориҷа истода нисбати сиёсати имрӯзаи давлати мо тӯҳмат мезананд, сахт маҳкум менамоем.

Мо медонем, ки аксарияти онҳо ҳамон шахсоне мебошанд, ки дар солҳои 90-ум аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои заруриро гирифта, ҳамчун зархаридони хоин Тоҷиистони азизи моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд. Аммо он вақт бо қаҳрамониву ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик аз ин вартаи ҳалокат раҳоӣ ёфта, имрӯз ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувори худро гузошта истодааст.

Дар Аврупо таъсисёбии созмони “Паймони миллии Тоҷикистон” хилофи орзуву омол ва ормонҳои милии мардуми тоҷик аст. Дар ниқоби “Паймон” саркардаҳои он зидди давлату миллат ва ҳукумати кишвар бадгӯӣ менамоянд ва дастоварду комёбиҳои соҳаҳаои хоҷагии халқи мамлакатро нодида мегиранд.

 Имрӯз халқи тоҷик дӯстро  аз душман фарқ карда метавонад ва дигар фирефтаи хоинон нахоҳад гашт.

Мо, устодон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки на фақат донишҷӯёнро, балки аҳолии маҳаллиро низ дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳуввияти  миллӣ тарбия намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *