Изҳороти устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд доир ба филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Хиёнат”

 

Ҳайати устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ аз намоиши филми мустанади “Хиёнат”натиҷагирӣ намуда, бори дигар амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи собиқ ҲНИ-ро сахт маҳкум менамояд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон пас аз тамошои филми мазкур хулосабарорӣ хоҳанд намуд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои ифротӣ наҳоҳанд шуд.

Набояд фаромӯш кард, ки вазифаи аввалиндараҷаи зиёиён ин тарғиб намудани бузургтарин дастоварди миллатамон-ваҳдату истиқлолият ва озодӣ, сулҳу осоиштагӣ мебошад. Устодони кафедра тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ мӯҳтавои ин мафҳумҳои муқаддасро ба донишҷӯён муаррифӣ намуда, ба хотири таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азиз, забон, фарҳанг, расму оинҳои миллӣ кӯшиш намоянд. Бо баробари ин барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир, баланд бардоштани сифати таҳсилот кӯшиш ба харҷ намуда, барои рушди иқтисодиёти миллӣ, муаррифи намудани кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳамаи нерӯамонро сарф хоҳем намуд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *