Роҳи Эмомалӣ Раҳмон

«Ман ду абармарди таърихро медонам, ки ба қавлашон амал кардаанд. Яке Ҷалолиддини Балхӣ, ки байни нажоди гуногун фарқ нагузоштанро талқин кард ва худ пеш аз ҳама ба қавлаш амал кард. Ва дуввум Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба ҳар чи гуфт, амал кард». Ҳумайро Накҳати Дастгирзода

Академик Ключевский В.О. дар бораи шаҳомат ва ҷасорати миллатҳо суханони ҳикматомезе дорад: «Яке аз нишонаҳои хоси халқи бузург қобилияти баъди афтодан бархостан аст. Ҳарчанд таҳқири дидааш гарон ҳам бошад, соате фаро мерасад, ки ӯ тавонашро баҳам оварда, дар симои як ё якчанд нафар мардони бузург амалӣ месозад ва он як ё якчанд нафар халқро ба роҳи рости таърихии муваққатан таркардааш бармегардонанд».
Тоҷикистони пасошӯравӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ҳамон тақдире ва масиреро паймуд, ки аз афтодану бархостанҳо иборат буд. Давлат парешон, мардум дарбар, иқтисод варшикаста ва дар ҷомеа ҳукми фарди силоҳдор ҷорӣ буд, ки қонунпазир ва масъулиятшинос набуд ва дар ҷони ҳаммилати худ ҳарису бадгумон буд. Хотирагоҳи ҷомеа ғанист, вале сад афсӯс на ҳама ҳоло ёд доранд, ки дар кадом ҳолати риққатбор будем, чӣ сарнавишти талхе моро интизор буд?
Роҳи муҳтарам Президент аз қалби мардуми одӣ мегузарад. Ин роҳест пуршараф. Ин роҳ ба сарманзили мақсуд ба осонӣ нарасидааст. Пурмашаққат ва мушкилзо будааст. Чун киштии шикаста, давлати харобро гирифту ба он рӯҳу ҷон бахшид, тавонманд сохт, дар анбӯҳи муноқишаҳои шадиди миллатзудоӣ онро рақобатпазир кард.
Тоҷикистони соли 2020 – кишварест дар сари пойи худ истода, мамлакест – улгуи тоҷикони дунё ва оғозгоҳи Ватанест, ки садҳо сол халқ дар орзуяш будааст. Ин гавҳараки чашмест барои тоҷик азиз, ин порае хокест, ки онро мукаддас мешуморанд.
Дар саргаҳи равандҳои давлатсозӣ абармарде ҷилвагар аст, ки ҳамаро вақфи ин равияи сарнавиштсоз кард. Номи ин марди даврон Эмоалӣ Раҳмон аст. Тамоми дунёро гашт, ба ҷойҳои хатарноки ҷаҳон сафар кард, бо дӯсту душман муросо намуд, то тоҷик аз вартаи ҳалокат эмин барорад, хандаро бар лабони ранҷкашида ва яхбасати халқ биёрад.
Оре, баъди солҳои тӯлонӣ Президенти Точикистон аввалин Сарвари миллат ҳастанд, ки дарсҳои нахустини худшиносии миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастиро дар китобҳои «Аз Ориён то Сомониён», «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва суханрониҳяош ба мардум талқин кард ва онро ба роҳи ростин раҳнамун сохт.

Ин роҳ, ки бар тани Ватан шарён аст,
Роҳи шарафи Эмомалӣ Раҳмон аст.
Гулназар

Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ,
муҳаққиқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *