Изҳороти устодон ва донишҷӯёни кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТоид ба терроризму экстремизм ва фаъолияти гуруҳҳои ифротгаро

Дар замони муосир мо – сокинони сайёра, гоҳ-гоҳ калимаҳои терроризму экстремизмро мешунавему ҳодисаҳои нохуш, қатлу ғорат, ноадолатӣ, вайронкорӣ ва кинаву адоватро тасаввур мекунем.

Намояндагони гурӯҳи террористӣ дар байни ҷавонон тарғиботу ташвиқотро ба роҳ мемонанд ва баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои худ ҷавононеро интихоб мекунанд, ки дониши комил надошта, фирефтаи суханони бардурӯғи ин гурӯҳ мегарданд. Ҷавонони камбизоат, бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ бештар ба гурӯҳҳои террористӣ шомил мешаванд. Тибқи маълумоти Шариф Назаров, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, аз шумораи умумии ҷавононе, ки ба созмонҳои террористӣ шомиланд, 70%-и онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Шахсоне, ки онҳо масъул ба воридшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористианд, бо суханони зебо ва боварикунонанда мафкураи ҷавонони содаро ба пуррагӣ иваз мекунанд ва онҳоро чун ашё барои нафъи худ истифода мебаранд.

Дар забони илмӣ ва расонаҳои ахбори омма тундгароиро радикализм, ифротгароиро экстремизм ва даҳшатафканиро терроризм мегӯянд. Терроризм амнияти кишварҳоро таҳдид мекунад. Сабаби марг ва бесарусомониҳо мешавад. Танҳо барои возеҳ баён кардани масъала якчанд амалҳои террористиро, ки дар ёди ҳамагон нақш бастааст, мисол овардан мумкин аст: 14-15 майи соли 1974 амали террористӣ дар Исроил, ки боиси марги 25 нафар ва захмдоршавии 66 нафар гардид; 24 марти соли 2001 дар сарҳади Русияву Чеченистон автомобил тарконида шуд, ки дар натиҷа 20 нафар ҳалок ва 100 нафар захмӣ гардиданд; 26 ноябри соли 2008 дар Ҳиндустон (Тоҷмаҳал) амали террористии хеле даҳшатнок рух дод, ки дар натиҷа тақрибан 166 нафар фавтида, зиёда аз 600 нафар захмӣ гардиданд; амали террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 дар ИМА баамаломада дар таърих яке аз даҳшатноктарин мебошад, ки дар натиҷаи он зиёда аз 2900 нафар ҷони хешро аз даст доданд ва тақрибан 8900 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кайд кардаанд: “Ман эътиқоди қавӣ дорам, ки ифротгароӣ, терроризм ва радикализмро ба ягон дин, аз ҷумла дини мубини ислом нисбат додан мутлақо раво нест. Зиёда аз он, аҳдоф, мазмун ва амали ин зуҳурот комилан хилофи рӯҳ ва мазмуни волои инсонии динҳо, аз ҷумла дини ислом аст. Террорист, ба пиндори ман, дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст.

Баъзан ифротгароӣ тафаккури шахсии инсон мебошад ва агар шахс ин тафаккурро ба дигарон бор кардан хоҳад, ин ба тундравӣ мубаддал мешавад, зеро ӯ мехоҳад бо зӯрӣ ҳам бошад, тафаккури ӯро дигарон низ эътироф кунанду аз рӯи он амал намоянд. Ӯ ба таври қатъӣ талаб мекунад, ки ҳама аз рӯи гуфтаҳои ӯ амал кунанд ва тарзи зиндагии дигаронро ошкоро танқид мекунад, ҳатто метавонад аз зӯроварӣ истифода кунад. Аз ҳама намуди паҳншуда, ин ифротгароии динӣ мебошад. Чуноне ки З. Давлатов қайд мекунад, “Шахси ифротгаро гирифтори таваҳҳум мешавад, ки гӯё фақат фаҳмишу амали ӯ дуруст буда, ҷомеа ҳама “фосиқ”, мақомот ҳама “фосид”, уламо ҳама “бидъаткор”, дигарандешон ҳама “кофир”, мағозаю ошхонаҳо ҳама “ҳаром”, бонкҳо ҳама “рибохӯр” ва расонаҳо ҳама “дурӯғ” мебошанд”.

Бо чунин фикру ақидаҳояш ифротгаро оҳиста-оҳиста аз ҳама дур мешавад ва дар дил нисбати ҳама кинаву нафрат пайдо мекунад ва бо мурури замон ӯ бераҳмиву зӯровариро раво мебинад. Ифротгарони динӣ хеле зиёд мебошанд. Онҳо ақидаву фаҳмишҳои хоси худро доранд ва ҳамеша мекӯшанд, ки ҳамагон аз рӯи ақидаҳои онҳо амал кунанд. Масалан, тарзи либоспӯшӣ, намозхонӣ, ба эътибор нагирифтани мавқеи занон, ҳамеша ба ҳамагон бо чашмони шубҳанок нигаристан ва ғайра. Ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар боло зикр шуд, дорои хусусияти ифротгароии динӣ мебошанд ва ҷавонони ба дин майлдошта бештар шомили онҳо мегарданд. Ин ҷавонон ба гуфтори онҳо, ки аз савоби шаҳидиву мавқеи биҳиштӣ сухан мегӯянд, бовар карда, ҳатто зидди волидайни хеш баромаданашон низ мумкин аст. Ифротгароёну террористон дар натиҷаи амалҳои зишти худ сабаби марги ҳазорон одамон мегарданд ва оромии мамлакатро аз байн мебаранд.

Барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон фикр мекунам, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар замири ҷавонон тарбия кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ кардани дарсҳои одоби ҳамида ва амсоли он сабаби кам шудани ҳодисаҳои нохуши ғайриинсонӣ мегардад. Чуноне ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 60-солагии ЮНЕСКО дар Париж пешниҳод карда буданд, солҳои наздик бояд “Соли ахлоқи ҳамида дар тамоми сайёра” эълон шавад ва дар ҷараёни он унсурҳои беҳтарини ахлоқи умумиинсонӣ таблиғ карда шаванд”.

Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Аз ин ҷиҳат омӯзгоронро лозим аст, ки барои тарғиби зидди терроризм нақшаи корӣ тартиб диҳанд ва пас аз он дар байни донишҷӯён чорабиниҳо баргузор намоянд.

Аз ҳама муҳим ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти Ватани азизамон ва бунёдкорӣ бояд ташвиқу тарғиб намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *