Изҳороти устодон ва донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ ба аъзоёни Ҳизби экстремистиву террористии наҳзати ислом

Бо назардошти  руйдодҳои солхои охир оид ба масоили вазъи сиёсии чахони имрӯзаро мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, кайд кардан бамаврид аст, ки  бештар амалу рафторҳои ғайриқонуниву ғайриинсонии аъзоёни Ҳизби экстремистиву террористии Наҳзати ислом (ҲНИ) ба  назар мерасанд. Тарафдорони ин ҳизби мамнӯъшуда зимни фаъолияти қаблиашон худро ба Ислом мепайвастанд, аз номи Ислом ҳарф мезаданд, то мавқеи хешро бо истифода аз номи дини мубини Ислом дар ҷомеа пайдо намоянд. Вокеан, дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммулпазирӣ, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад.

Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ бояд мақом ва мавқеи устувор дошта бошад. Мутаассифона, фаъолияти бархе аз гурӯҳҳову ҳизбҳои фаъолияташон мамнӯъ дар кишвар боиси коста гаштани обрӯи кишвар мегардад. Аз ҷумла, Ҳизби Наҳзат ба гурӯҳҳои ифротгаро ҳисоб рафта, имрӯзҳо дар арсаи сиёсиву байналмилалӣ на танҳо мақому манзали худро аз даст дод, балки пайваста ба номи халқу миллат ва давлати Тоҷикистон тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос изҳор менамояд.

Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз ба шумор меравад. Имрӯзҳо  беш аз  сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифта, ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн менамояд ва  таҳдиду хатарҳои глобалӣ  ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Фаъолияти ғаразноки ҳизби мазкур аз ҳодисаҳои куштор ва даҳшатнок ибтидо гардида, аъзои он ба гуруҳҳои тундрав шомил шуданд. Онҳо ақидаҳои бегонапарастӣ, ҳадафи вайрон намудани сохти конститутсионӣ ва ба ном пойдор намудани “Давлати исломӣ”-ро доштанд. Бо даъвати худ онҳо бо кӯмаки хоҷагони хориҷӣ беш аз 500 ҷавононро гумроҳ намуда, ба марказҳои террористии хориҷӣ фиристоданд. Онҳо бо ҳама гуна роҳҳо фирефтагони хешро бо баробари “Партияи исломии Туркистон” ва Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ба давлатҳои ҷангзадаи Сурияю Ироқ сафарбар намуданд,  ки дар натиҷа садҳо кӯдакон бепадару модар монда, ҳазорон оиларо аз байн рабуданд.

Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад. Чунончӣ, мувофиқи изҳороти Суди Олии ҶТ аз соли 2016 дар 5 соли охир нисбати аъзоёни ҲНИ зиёда аз 40 парвандаҳои ҷиноӣ бинобар содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин оғоз карда шудааст, ки аз ин миқдор 17 тоашон характери радикалӣ ва террористӣ доранд.

Мо кулли устодон ва донишҷӯён пайваста бо кӯшишу ғайрат ва такмили донишу малакаи хеш намегузорем, то ғояҳои ғаразноки ҲНИ ва гурӯҳҳои ифротгаро дар андешаву тафаккури мардуми тоҷик, хусусан ҷавонон ҷо гиранд. Дар ин раванд, тамоми таҷриба ва малакаи худро истифода бурда, алайҳи тарғиботи ғояҳои ифротӣ ва террористӣ мубориза мебарем. Намегузорем ва нахоҳем гузошт, то ҲНИ ва тарафдорони онҳо ба мақсадҳои нопоки хеш, ки ба ҷангу бедодгарӣ кашидани Ватани мост, ноил гарданд!

  

Аҳли ҷомеаи факултети иқтисодиёт  

ва технологияҳои инноватсионии

ДИС ДДТТ  дар шаҳри Хуҷанд

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *