ИЗҲОРОТИ устодон кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ ба сокинони кишвар вобаста ба қазияи лату куб шудани сардори раёсати маорифи ВМКБ аз ҷониби саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷинояти Хоруғи боло Муҳаммадбоқир

Мо устодони кафедра зимни изҳороти қаблиамон вобаста ба кирдори ноҷавонмардонаи саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноии Хоруғи Боло Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқир, ки қаблан дар интиҳои моҳи январи соли равон дар утоқи кории Лутфулло Наврӯзов, сардори раёсати маорифи ВМКБ ворид шуда, таҳқиру лату кӯб намудааст, мо ин амалро шадидан маҳкум намуда будем. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки афроди ҷиноятпеша Муҳаммадбокиров М. тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, барои худашро бегуноҳ ҳисоб намудан кушиш намуд. Дар рафти суханрониаш дар сохторҳои низомӣ фаъолият намудану рутбаи полковник доштанаш сухан ронда, нисбат ба афсарони зертобеъаш бе ягон асос туҳмат намуд. Гӯё зертобеаш ҷиноятҳои вазнин содир кардааст. Таъкидан ба тарафдорони афроди ҷинояткор гуфтанием, ки руйпуш намудани ҷиноят ин худ ҷиноят аст! Муҳаммадбокир ва ҳаммаслаконаш бояд донанд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ худнамоӣ намуда, иғвогарӣ нашояд! Набояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯю нуфузи диёри хеш ва умуман Тоҷикистониро паст зананд? Баробари ин бояд қайд кард, ки боз як ашхос бо номи Зафари Суфӣ, ки тибқи расонаҳои хабарӣ имрӯз дар Франсия қарор дораду ба унвони Мухаммадиқбол мактуб ирсол намуда,имрӯз пуштибонӣ дорад, Ба Зафари Суфӣ таъкидан хотиррасон менамоем, ки воқеияти ҳолро надониста тарафдорӣ намуданаш чӣ маъно дорад! Мо боварӣ ҳосил намудем, ки Зафари Сӯфӣ аз бехабари мардум аз асли воқеа истифода мебарад. Ҳар як гап ва ҳар як қадами чунин афрод бар зарари ҷамъият аст. Мо бояд ҳақиқатро аз дурӯғ, ҳалолкорро аз ҳаромкор ва ҷинояткорро аз инсони комил фарқ кунем. Дар урфият мегӯянд, ки хушдомани бад ҳеч баҳона наёбад, чаро думи саги хона каҷ – гуфта бо арӯси хонавода мағал мебардорад. Ҳол он ки каҷии думи саг табиӣ аст. Ин иддаои Зафар Суфӣ ҳам мисли ҳамин аст. Чизе барои баҳс наёфта пеш аз пода чанг мекунанд. Бигузор Муҳаммадбоқир ҷазояшро бигирад ва ин амалаш ба дигарон дарси ибрат шавад. Касоне, ки ба ин кор машғуланд оқибат ба чунин ҷазо сазовор мешаванд. Зеро офтобро бо доман пӯшида намешавад ва ниҳоят ҳақиқат ғолиб меояд. Хулоса, хотиррасон бояд кард, ки дар назди қонун ҷинояткор бояд ҷавоб диҳад
Дар интиҳои изҳороти хеш иброз медорем,ки сокинони бофарҳанги Бадахшон найрангҳои гуруҳи муташаккили чиноятпешаро дарк намуда, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараққиёт рӯ меоварад. Он дарахте, ки сулҳу ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст.Мо тоҷикон бояд онро ҳифз намоем. Ҳақиқатан сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу дӯстӣ ҳукмфармост он давлат рӯз то рӯз мешукуфад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *