Агар ба таърих, пайдоиш ва ташаккули терроризм нигарем он дар асри ХХ ба таърихи инсоният ворид шуда дар он як қатор саҳифаҳои сиёҳро ворид намудааст.
Терроризм аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда маънояш тарс, даҳшат мебошад, яъне терроризм ин зӯроварӣ ё ин, ки хатари истодашаванда нисбати шахсони воқеӣ ё ин ки ташкилотҳо, инчунин нобудкунӣ, осебрасонӣ ва хатари нобудкунии амвол ва хатарҳои фавти инсонҳоро ба вуҷуд меоранд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Бо роҳи ғайриқонунӣ зўрию даҳшатафканӣ тарсондан ва пахш кардани рақибони сиёсӣ терроризм аст. Маҳз созмонҳои экстремистӣ ба вуҷуд оварандаи терроризманд. Аз ҳама бештар ҳаракату созмонҳои ифротгаро барои ба даст овардани мақсадҳою ҳадафҳои сиёсии худ аз амалҳои террористӣ истифода мекунанд. Истилоҳи терроризм барои ифодаи анҷоми амалҳои террор ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Баъди ба зўроварӣ ва қатлу куштор рў овардани ифротгароён ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад. Гурӯҳҳои террористии ал-Қоида, ДОИШ, Ҳизби Таҳрир, Бародарони Мусулмон, Ҷунбиши Толибон, Ҳаракати исломии Ўзбекистон, Равияи Салафия, Ҷамоати даъват ва таблиғ, Ихвону-л-муслимин, Ҳизби исломии Туркистони Шарқӣ, Акрамия, Ҷамоати муҷоҳидини Осиёи Марказӣ, аш-Шабоб, Боко Ҳаром, Ансоруллоҳ номгўи нопурраи ҳаракатҳои террористӣ мебошанд.
Аз амалҳои террористон бештар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд. Ин дар мисоли амалҳои террористӣ, ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундрав дар Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия, Ирландияи Шимолӣ, Фаронса, ИМА, Африкаи Шимолӣ мушоҳида карда мешавад.
Имрўз аз муборизаи якҷояи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба муқобили терроризм дида масъалаи муҳимтаре нест. Барои пешгирӣ аз аъмоли террористӣ ҳамкории муассири кишварҳо бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ва механизми пешрафта дар заминаҳои низомӣ, табодули иттилоот ва эҷоди фазои ҳамкорӣ миёни аъзо ва воҳидҳои қудратӣ зарур аст.
Ҳар рӯз дар ҷаҳон якчанд ҳазор нафар инсонҳо дар ҷангҳо ва амалҳои террористӣ вафот мекунанд. Терроризм яке аз вабои аср дар замони ҳозира ба шумор меравад.
Хусусиятҳои терроризми ҳозира:
– ҷалби фаъолонаи ҷавонон;
– васеъкунии қатъии таҳкурсии ислом бо алоқамандии терроризм;
– созмонҳои террористӣ дар ҷаҳорчӯбаи амалҳои террористӣ маҳдуд набуда асосан ба стратегияи сиёсати давлатӣ диққати махсус медиҳанд;
– тамоюли гузариш аз мақсадҳои аниқ (забт кардани ҳавопаймоҳо) ба бесарусомониҳо ва куштор;
– баландбадории хатарҳои ҷамъиятӣ, ки бо хатарҳои ҳаёти инсон бевосита алоқаманд аст;
– намудҳои нави яроқ;
Айни замон зиёда аз 100 созмонҳои бузурги террористӣ дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон мавҷуд аст.
Барои мавҷудияти терроризм дар замони ҳозира ҳолатҳои зерин мусоидат менамоянд:
– сармоягузории созмонҳои террористӣ бо шахсиятҳои алоҳида ва ташкилотҳо;
– бесаводии аҳолии мусалмони баъзеи давлатҳо, имконияти ба даст овардани маблағи зиёд;
– номукаммалии санадҳои қонунгузорӣ оид ба мубориза бар зиддӣ терроризм.
Сарчашмаи асосии маблағгузории терроризм ин гардиши маводи мухаддир, хариду фурӯши яроқ, қочоқ, бизнеси бозӣ мебошад.
Инак, терроризм дар замони муосир яке аз хатарҳои бурург барои аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад ва Тоҷикистон аз ин дар канор нест. Барои мубориза бар зидди терроризм ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки чораҳои мушаххасро нисбати он андешанд.