
Мо, ҷавонони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни изҳоротҳои хеш борҳо нисбат ба баромадҳои ифротии бадхоҳони миллат, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, баромадҳои ифротӣ менамоянд андешаҳои хешро баён намуда, онро шадидан маҳкум карда будем. Имруз низ дар атрофи баромади афроди роҳгумзада-Абдухалил Восиев, ки яке аз шогирди пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ибрози андеша менамоем. Ин навбат А.Восиев, санаи 3 ва 12 апрели соли равон тавассути шабакаи иҷтимоӣ, дар барномаи ифротӣ бо номи “Дурахши ҳак” (Дурахшон ТV) ба баромадҳои қаблии устодаш М.Садриддин тақлид карда, баромад намуд. Бояд ёдовар шуд,ки устодаш-М. Садриддин мунтазам тавассути канали YouTube – и “Isloh. tv, дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” баромади ифроти менамояд. А.Восиев зимни баромадаш худро мухолифин (оппозитсия) – и “донову сиёсатмадор”, нишон дода, оид ба масоили муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон бо сабти видиеоӣ ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Кирғизистон дахл дошт намоиш дода, суханҳои бемантиқона дур аз ҳақиқатро баён дошт. Баробари ин, яке аз пайравони наҳзат, амиқтараш думрави М.Садриддин ашхосе бо номи Муҳаммад Тағоев баромад намуд.

Ин афроди роҳгумзадаи ваттангадо зимни баромадаш вобаста ба фаъолияти хизматчиёни Девизияи 201-и Федерастсияи Русия эътироз баён намуда, қайд кард, ки он аз қаламрави кишвар бароварда шавад. Баробари ин, нисбати мардуми кишвар суханҳои ноҷоя гуфта, таҳқир кард ва баргаштани шаҳрвандони дар муҳоҷирати меҳнатӣ карор доштаро ба кишвар даъват намуд. Инчунин бо суханҳои қабеҳаш нисбат ба президентҳои Ҷумҳурии Белорусия, Федератсияи Русия андешаи носолим баён кард. Ба андешаи мо ҷавонон, чи нисбати Президент ва ё умуман шахсиятҳои шинохтаи сатҳи байналмилалӣ, ҳар афрод бояд бо эҳтиёт сухан гўяд! Таъкидан қайд менамоем, ки муносибати кишвари соҳибистиқлоламон бо мамлакатҳои зикршуда хеле хубанд. Хулоса, Тоҷикистони соҳибистиқлол байни ду кишвари абарқудрат робитаҳои фаъоли сиёсӣ ва алоқаҳои бевосита дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудаанд. Роҳбарони давлат мунтазам дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ, инчунин зимни ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ мулоқоту вохӯриҳои зиёди судманд анҷом медиҳанд, ки дар рафти онҳо муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия ва Белорусия ба таври мушаххас баррасӣ мегарданд.
Хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони кишвари мо, ки бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад ва ба баёнияҳои хоини миллат баҳои дурусти худро дода, онро доимо шадидан маҳкум менамоянд. Мо, ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст минбаъд низ ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, намегузорем, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ, дар шуури наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.
Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлол ҷиҳати амали намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодаем ва дар ин самт фаъолияти хешро ба роҳ монда, ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир ҳастем, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ карда, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ мемонем, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст дошта, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя мекунем, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз намуда, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо меоварем.
