

Мо, кормандони шуъба борҳо зимни изҳоротҳои хеш нисбат ба нотавонбинону бадхоҳони миллат, алалхусус яке аз пайрави фаъоли паймони худсохти наҳзат Муҳаммадиқболи Садрриддин, ки имрўзҳо аз имконияти шабакаҳои ичтимої истифода бурда, тавассути канали YouTube –“Ислоҳ.тv “ (“Ислоҳ.нет.”), дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”дар якҷоягии шогирдону думравонаш бо чашми ғараз баромадҳо намуда, бар аҳли башар аз рушду пешрафти Тоҷикистон шикоят мекунад. Масалан, сана10 октябри соли 2025 дар каналу барномаи зикршуда бо ҷалби шогирдаш Раҳматзод (Раҳматулло), думраваш Муҳаммад Тағоев ва як афроде болақаби ғайримаъмулӣ-”Зидди хукумат”

дар атрофи масоили сафари кории Президени Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ҳар гуна ҳиллаҳо бофта, мардумро бе асоси воқеӣ ба иғво андохтан кӯшиш намуданд. Ин тудаи бадхоҳони миллат ақлу фаросат надоранд ва сиёсати на танҳо дохилӣ ва хориҷии кишварро сарфаҳм нарафта, ҳар сухани дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, бар муқобили миллату Ватан, ба давлати тоҷикон хиёнатро раво медоранд. Вобаста ба сафари на танҳо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, умуман иштироки дар ҳамоиши сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ ва Русия» ва баробари ин, сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ба пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ташриф оварданд, андешаронӣ карда, ба тудаи ифротӣ гуфтанием, ки воқеан, мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, баррасии масъалаҳои муфиду муҳим байни ҳайатҳои расмии мамлакатҳои зикршудап исботи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, дунёвӣ, ҳуқуқбунёд дар арсаи ҷаҳон мавқеяшро устувор нигоҳ медорад ва сиёсати хориҷии «дарҳои боз»-ро дар амал татбиқ менамояд. Бояд қайд кард, ки Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки фаъолияти Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунандаи Иттиҳод ба ноил гардидан ба натиҷаҳои амалӣ дар рушди ҳамкорӣ дар доираи Созмон нигаронида шуда буд.Дар идомаи ҷаласа ва суханронии худ Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба такмили фаъолияти Созмон, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётиву логистикӣ, ҳамгироии рақамӣ, ҳамчунин таъмини суботи энергетикӣ ва пешбурди фаъолонаи ҳамкории башардӯстона равона гардид. Ҳамзамон, ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир аҳамияти хоса дода шуд.Дар ин робита, дар ҷаласа масоили мубрами ҳамкории муштарак дар соҳаи амният, аз ҷумла мубориза бо терроризму экстремизм, таҳкими ҳамкории сарҳадиву низомӣ баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки изҳороти бахшида ба 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид иродаи умумии кишварҳои Иттиҳодро барои таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ инъикос менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аҳамияти қабули қарорҳо оид ба ташаббуси “ИДМ плюс” ва додани мақоми нозир ба Созмони Ҳамкории Шанхай дар назди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таъкид карда, ин иқдомро ҳамчун қадами муҳим дар густариши робитаҳои байналмилалии Созмон арзёбӣ намуданд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки таҳкими муколамаи фарҳангҳо ва густариши ҳамкории гуманитарӣ ба ҳифзу ғанигардонии мероси умумии фарҳангӣ ва таҳкими руҳи ҳамраъйӣ дар доираи Иттиҳод мусоидат менамояд.
Дар фароварди изҳороти навбатии хеш хулосабарорӣ намуд бояд қайд кард, ки, ҳарчанд ин тӯдаи нотавонбинони ифротӣ зодаи Тоҷикистон бошанд ҳам, аммо дар асл муносибати дурушт бо ватан дорад. Бо истифода аз фурсути кулай аз мардуми сарбаланди кишвар, алалхусус ба муҳоҷирони меҳнат қарор дошта, даъват ба амал меорем, ки пайваста ҳушёрию зираки сиёсииро аз даст надода, бар зидди ин пайравони паймони худсохтаи наҳзат, ки мехоҳанд бо ҳилаву фириефта намудан, ҷомеаи моро ноором кардани ҳастанд, муборизаи беамон бояд бурд. Воқеияти имрӯза тақозо менамояд, ки зиддӣ терроризиму ифротгароӣ тамоми давлатҳо дастҷамъона мубориза баранд. Хулоса, дар он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, мо ҳама муттаҳид бошем. Баромадҳои ифротиву ихтилофангези М.Садриддин ва шогирдону думравонаш ва умуман дигар созмонҳои ифротиро шадидан маҳкум карда, то ҷон дар тан дорем намегузорем, ки фазои ороми муқаддаси ватанамон ғуборолуд гардад!
