ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ шаҳри Хуҷанд оид ба иғвогарии навнаҳзат дар шабакаҳои иҷтимоӣ (аз 17майи соли 2025)

Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни изҳороти навбатии хеш мехоҳем оид ба баромади яке аз навнаҳзсати иғвопеша андешаҳоямонро иброз медорем. Бояд қайд кард, ки иғвогари навнаҳзат -Адухалил Восиев, лақабаш “Алмаз”,яке аз шогирди Муҳаммадиқболи Садриддини гумроҳшуда мебошад, имрузҳо тавассути барномаи ифротӣ бо номи “Дурахши ҳақ” бо ровигиаш ҷилванамоӣ намуда, бе риояи қоидаҳо ва адабии забони тоҷикӣ ҳар сухане ба даҳонаш ояд андеша накарда, нисбат ба кишвари соҳибистиқлоламон изҳори ақидаи носолим, муғризона, ва манфиатҷӯёна беасос шарҳу тавзеҳ медиҳад. Масалан санаи 17 майи соли равон Восиев А. ба устодаш М.Садриддин айнан тақлид намуда, дар барномаи “Дурахши ҳақ” баромадӣ ифротӣ намуд. Ин тақлидчӣ зимни баромадаш сабти наворро оид ба сохтмони биноҳои истиқоматии ш.Душанбе намоиш дода, онро ғайривоқеӣ маънидод карда, бо ҷалби ду-се нафар навнаҳзат, аз ҷумла Чарос Саидова, Раҳматулло Ҳасанов ва афрод бо лақаби “Регарӣ” барои амали намудани барномаҳои

                                                                                 

зиддимилливу зиддидавлатӣ ва нақшаҳои таҳрезикардашудаи гурӯҳу давлатҳои хориҷии манфиатҷӯ мардуми кишварро ба инқилоб даъват намуданд.Таъкидан ба навнаҳзатиҳо хотиррасон менамоем,ки Тоҷикистони соҳибистиқлол давлати солҳои 90-уми асри гузашта набуда, имрӯз яке аз давлатҳои қавии минтақа ба шумор рафта, фарзандони фарзонаву бонангу номуси он ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ба Тоҷикистони азиз осебе расад. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки ҳамватанони бонангу номуси мо, куҷое, ки набошанд, хоҳ дохил ва ё хориҷи кишвар ҳамеша аз ақли солим ва пирӯзии адолат ҷонибдорӣ намуда, зиндагию кори худро идома медиҳанд.
Хулоса, ҳадафи изҳороти навбатии кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд рисолати уҳдадории хешро пеша карда, пеш аз ҳама имрўз ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳои иғвопеша нагарданд. Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.
Дар фароварди изҳороти хеш мо кормандони шуъба бори дигар баромади иғвогаронаи навнаҳастиҳоро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонаашро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *