Дар ҷаҳони муосир иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи тамоми кишварҳо нақши хеле муҳимро мебозад. Ба ҳамагон маълум аст, ки бо гузашти замон илму техника ба таври кайҳонӣ пеш рафта, рӯз то рӯз такмил ёфта, технологияҳои нав ба нави иттилоотӣ ихтироъ шуда истодаанд. Баробари ин, оид ба рушди бемайлони технологияҳои иттилоотӣ ва тавсеаёбии шабакаи Интернет андешаи хешро иброз менамоем. Бояд қайд кард, ки имрӯз шабакаи Интернет мавқеи асосиро ишғол мекунанд ва он дар олами Васоити ахбори омма, яке аз асоситарин ва умумитарин воситаи дарёфти ахбор ва мавод ба ҳисоб меравад. Таҳқиқоти олимон нишон медиҳад, ки дар аввали соли 2025 зиёда аз 67,9% аҳолии дунё ба шабакаи интернетӣ дастрасӣ доранд, ва дар як сол шумораи корбарони интернет 2,5% афзоиш ёфта истодааст ва алҳол дар умум 5,56 миллиард одам онро истифода мебаранд, ки он ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфӣ низ дорад. Ба хонандаи закӣ тарафи мусбати Интернетро шарҳу эзоҳ додан ҳоҷат нест, аммо, мо бояд тарафи манфии онро шарҳ доданро зарур мешуморем, ки ҷавон ба худ хулосаи зарурӣ бароранд. Воқеан, дунёи маҷозии Интернет беинтиҳо буда, марзу сарҳадоти муайян надорад ва бо тавлиди зуҳуроту падидаҳои тозаву нав ба нав ва эҷоди мушкилоту танишҳои маргбору харобовараш ҳамарӯза ва ҳамасоата дар муқобили дунёи воқеӣ ва насли башарият қарор гирифта, онро таҳдид мекунад. Мушкилоти меҳварии дигаре, ки дар Интернет ба назар мерасад, ин фаҳмиш ва ғаразнок фаҳмонидани мафҳумҳои дину миллат ба ҳисоб меравад. Чунки амали мазкур сабаб мегардад, ки одамони алоҳида, махсусан наврасону ҷавонон дар муносибат бо ҳамдигар ва намояндагони дигар дину миллатҳо ба ифроткорӣ роҳ дода, қурбонии мубаллиғону эмиссарони ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ гашта, роҳгум ва аз масири дурусти инсонгароӣ хориҷ шаванд. Инчунин, мутаассифона, дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет масъалаи барангехтани кинаю адоват ё низои миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ ба назар мерасанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меороем, имрӯз навнаҳзатиҳо, аз ҷумла, думравони паймони худсохтаи наҳзат -“Паймони милли…” ва “Гуруҳи 24” – ҳаракати сиёсӣ мамнуъ ғуломони давлатҳои хориҷии манфиатхоҳ гардида, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабару маълумоти дурӯғу бофтаро бар зидди халқу миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон паҳну пахш менамоянд. Яъне, ду-се фирории бадхоҳи иғвогар, аз қабили Муҳаммадиқболи Садриддин, шогирдаш Восиев Абдухалил ва Ашуров Ҳусейн дар шабакаҳои иҷтимоӣ камин гирифта, ба туҳмату буҳтон,

дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ парса мезананду бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофанд.
Бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, метавон қайд кард, ки ифротгароии иттилоотӣ чун падидаи нави технологӣ ба амнияти миллии кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ мерасонад ва мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро таќозо мекунад. Мо боварии комил дорем, ки кишвари мо зарфияти қавии мубориза бар зидди ҳар гуна ҷангҳои иттилоотиро низ дорад ва аз ҳама гуна нақшаву барномаҳои навнаҳзатиҳои фурӯхташуда ва гурӯҳҳои ифротӣ кайҳо огоҳ мебошанд ва намегузорад, ки бори дигар миллати бошараф ва ватандӯсту баруманди тоҷик ин ҳодисаи нангинро аз сар гузаронанд. Замоне, ки корбарони фазои маҷозӣ бештар гардида истодаанд ва аз ин раванд созмонҳои ифротгаро истифода намуда, фаъолияти экстремистиву террористии худро дар фазои маҷозӣ ба таври густурда роҳандозӣ менамоянд, моро зарур аст, ки бо сиёсатгузории дуруст фаъолияти ғаразноку хатарзои ташкилотҳои экстремистиро пешгирӣ намоем. Аз ҷониби дигар моро зарур аст, ки вазъияти вуҷуддоштаро, яъне, сулҳу суботу амнияти доимие, ки саросари кишвари Тоҷикистони азизи моро фаро гирифтааст, бо ҳар роҳу усул чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳуриамон тамоми корҳои аз дастамон меомадаро ватандӯстона ва софдилона иҷро намоем.
М.АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ