ИЗҲОРОТИ ШУЪБАИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯИ ДИС ДДТТ РОҶЕЪ БА МУНОҚИШАҲОИ САРҲАДИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

                                                                   

        Мо аҳли кормандони шуъба вобаста ба суханони подарҳавои беасоси  Содир Ҷабборов, Президенти Кирғизистон ибрози андеша менамоем. Сараввал бояд қайд кард, ки воқеан таърих гувоҳ аст, ки ҳам халқи тоҷик ва ҳалқи халқи қирғиз ба мақому маънои зарбулмасали “Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст” то солҳои наздик бисёр хуб сарфаҳм рафта буданд. Имруз аз ин гуфтаҳо хеле дур мондаанд. Аз оҳанги суханронӣ, матн, истилоҳот, муҳтавои андеша, усули равоншинохтии Содир Ҷабборов бармеояд, ки дар Қирғизистони имрӯз ба ҷуз мушкилоти марз бо Тоҷикистон дигар ягон мушкилот гӯё вуҷуд надошта бошад. Ин дар ҳолест, ки Қирғизистони имрӯз дар дохили худ сахт аз фасоди густурда, қатлҳои сиёсӣ, гурӯҳбозӣ, фақр, фалаҷ гардидани шохаҳои ҳокимият, беқонунӣ, ҳокимияти роҳбарони ҷиноятпешаву ҷангҷӯе, ки солҳо аз зиндонҳо ва муассисаҳои ислоҳии ин кишвар дар муҷозот будаан сахт ранҷ мебарад. Дар ин суханронии бемантиқ, бардурӯғ, туҳмат, ботил, хашин, ғайриодилона ва шармовар, ки тамоман аз меъёрҳои байналмилалии дипломатӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсониву ҳусни ҳамҷиворӣ берун аст. Воқеан суханронии навбатии Содир Ҷабборов сафсаттае мебошад,ки ҷаҳони мутамаддин ва мардумони оқилу таҳлилгару бомаърифаташ, бахусус дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ тамоман беэътибор хоҳанд донист. Нигоҳҳо, эҳсосҳои  зоҳириву ботинӣ ва нигарониҳои рӯҳиву равонии Содир Ҷабборов ҳангоми суханронӣ ба мо ифшо мекунад, ки матн ва гузоришӣ ӯ супоришӣ ва бар хилофи раъйи мардумон ва гурӯҳҳои сулҳхоҳи қирғиз аст.

        Боназардошти масъалаи матраҳгардида,бояд қайд кард, ки рохбарияти кунунии Кирғизистон то хол  ба худ хулосабарорӣ накарданд. Бархе мардум ин кишвар, яъне саркардагони ҳаводисҳои моҳи апрели соли 2021 ва  санаҳои 14-17 сентябри соли равон шояд мардуми тоҷикро надонад, ки хеле таҳаммулпазир асту рӯзе косаи сабраш лабрез хоҳад шуд. То кай мекунад давом ин корҳои бесомон, охир мо мардуми ба ору номуси тоҷик таи қарнҳо аст, ки бо рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек маъмули оламиён гаштаем. Раҳбарияти кунунӣ ва бархе мардуми роҳгумзавдаи қирғиз чӣ ҳуқуқ дорад, шаъну шарафи мардуми тоҷикро паст мезанад ва гапу калочаҳои беасосро паҳн макунад.

        Дар фарҷоми изҳороти хеш қайд менамоем,ки  халқи қирғиз ҳиссаи халқи тоҷикро дар таълиму тарбияи ҳамаи ҷабҳаҳои иҷтимоии насли пешинаашон бояд бо эҳтироми хос ёдоварӣ намоянд. Ва дар ин асос ҳурмату иззати ҳамсоягиро риоя намоянд.

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *