ТАНҲО АҲДИ ҚАВӢ МЕТАВОНАД, ВАЗЪИ ОРОМИРО ДАР САЙЁРА ТАЪМИН НАМОЯД!

         Пешрафти ҳар як мамлакат на танҳо аз захираҳои иқтисодӣ ва табии вобаста буда, он бештар аз нерӯи созандаи халқҳо вобастагӣ доранд. Ин ақидаро олимони шинохтаи дунё дар тадқиқотҳои худ исбот намудаанд ва онро таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё низ инъикос менамоянд.

         Вазъи ноороми саёра нишон медиҳад, ки аксарияти давлатҳои абадқудрат танҳо ба хотири манфиатҳои иқтисодии худ, давлатҳои дорои захираҳои табии доштаро зери тасарруф қарор дода, бо бозиҳои сиёсию глобалӣ давлатҳоро ноором ва зери тобеияти худ қарор медиҳанд. Ба назари инсонҳои оддӣ чунин давлатҳо ба халқ зиндагии шоистаро бо шиорҳои демократия ва Рушди устувор дар зери ин суханҳо манфиатҳои худро бештар роҳандозӣ менамоянд, ки дар базе ҳолатҳо давлатҳои хурд мустақилияти худро аз даст медиҳанд.

         Ҳарчанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои созанда баромад мекунад ва онро созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ менамоянд, шаҳрвандонро зарур аст, ки бо зиракии сиёсии худ ҳар як амалӣ худро дар ободии кишвар дуруст назарсанҷӣ намоянд, аз он ҷумла маблағгузориҳои ташкилотҳои ғайридавлатӣ.

         Вазъи ноороме, ки санаҳои 14 то 16 сентябри соли 2022 дар сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба амал омаданд, ба андешаи мо ин риоя накардани созишҳои давлатҳо буда, он корҳои ивғоангезони баъзе аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон мебошанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ихтилоф меоранд.

       Дар таҷрибаи давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ба мо маълум аст, ки байни халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дӯстии халқҳо пойдор буд ва ҳоло низ дар ҳолатҳои душвор ин халқҳо ба ҳамдигар кӯмак мерасонад ва он аз таърихи гузашта гувоҳӣ медиҳад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро зарур аст, ки ба иштибоҳҳои ивғоангезон дода нашаванд. Ягон ташкилотҳои байналмиллалӣ ё давлатҳои алоҳида ин муноқишаро ҳал намекунанд, чуноне, ки дар таҷрибаи дигар давлатҳо дида мешаванд.

Б.БОБОЕВ ,

сармутахассиси шуъбаи кадрҳо

ва таъмини ҳуқукии ДИС ДДТТ

 дар шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *