ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТ дар шаҳри Хуҷанд нисбат ба баромадҳои иғвоангезона ва дасисабозиҳои Ҳ. Ашуров дар шабакаи иҷтимоӣ (аз 10 январи соли 2025 )

        Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи ииҷтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳ ҳастем, ки дар давоми соли равон бадхоҳони миллат, аз ҷумла Ҳусейн Ашуров, яке аз узви фаъоли “Гурӯҳи 24” дар барномаи ифротиаш бо номи “Ҳақ ва ботил” баромад менамояд. Масалан, санаи 10 январи соли равон Ҳ. Ашуров боз чун баромадҳои қаблиаш бо баёнияҳои ғаразолуди беасос нисбати давлати мо – Тоҷикистони соҳибистиқлоламон айбгӯӣ кард. Инчунин дар рафти баромадаш худро “сиёсатшинос” вонамуд карда, нисбати собиқ Президенти Сурия Башар Асад ақидаи носолими худро баён намуд. Бояд хотиррасон кард, ки ҳар фарди соҳибақл масоили сиёсати дохилии кишвар набояд сухан гуяд! Оид ин масоил ба хонандаи закӣ ҳоҷат ба баён нест. Баробари ин, Ҳ. Ашуров дар ҷараёни баромададаш бо афроде, ки Хуршед ном дошт, оид ба калимаи “об” ва ё “ов” сухан намудан баҳс намуд. Таъкидан қайд менамоем, ки дар минбарҳо, аз ҷумла дар шабакаи иҷтимоӣ бояд бо забони адабӣ сухан кард, на лаҳҷавӣ! Агар мо лаҳҷаҳои якдигарро фаҳмему бо онҳо озодона ҳарф занем, ҳамоно ин беҳтарин вазъият нахоҳад буд, мо бояд забони адабиро болотар гузорем, онро ташвиқу тарғиб намоем, бо он муошират намоем. Устодони сухани мо имрӯзҳо дуруст, яъне адабӣ ҳарф мезананд, ки соатҳо гӯш кардани онҳо, дар кадом мавзӯе набошад, чун мусиқии форам ба кас як ҳаловати аҷиб мебахшад. Таъсир ва азамати забони модариро низ дар ин лаҳзаҳо хуб дарку эҳсос мекунӣ! Вале, ин афроди бадхоҳ – Ҳ. Ашуров бошад, забони адабиро рияву эхтиром накарда, фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳии худ талош дорад ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардааст. Имрузҳо мубаллиғони “Гуруҳи 24”, бахусус Ҳусейн Ашуров ва Беҳрузи Тагойзода, ки лақабаш “Солмон” аст, дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошанду бо ҳар гуна роҳ худро дар назди мардуми кишвар “адолатпарвар” вонамуд карда, симои финтакору иғвопешаи гуруҳашро нишон медиҳанд. Умуман, баромадҳо ва маводи паҳнкардаи раҳбарияту аъзоён ва пайравони “Гуруҳи 24”собит менамоянд, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат дигар чизе нест. Таблиғотгароии Ҳ. Ашуров ва умуман раҳбарияту аъзоёни “Гуруҳи 24” бори дигар нишон дод, ки чашмонашро пардаи ғараз кўр карда, дигар ҳеҷ қадами некро дида наметавонад. Ин гуруҳаки иғвогар ба ҷойи ин корҳои иғвоангезона, корҳои хайр ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои созанда барои инкишофи мамлакат ва ғайра боз машғул шуда, ба дигарон, хусусан ба ҷавонон ҳамчун намунаи ибрат мешуд. Ҳаминро гуфтан мехоҳем, ки воқеан, шахси солимақл, танҳо барои муттаҳидию ваҳдатофарӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқӣ ва инкишофи давлат кўшиш менамояд, байни ҷомеа нуфузу эътибори хосса пайдо мекунад. Вале, Ҳ. Ашурови роҳгумзада баръаксии ин хислатҳо мебошад. Шахсе, ки алайҳи Модар ва Ватани хеш амалҳои номаҳрамро раво мебинад фардо дар назди миллату давлат ҳатман ҷавоб хоҳад дод!
Дар фарҷоми изҳороти хеш мо Ҳ. Ашурови ҳасадхўрро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонашро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯяд. Ин ҳама навиштани андешаро аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаем ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комили кишвари соҳибистиқлоламон, фазои оромӣ ва ягонагиву якдигарфаҳмии ҳаммиллатонамон рӯҳу илҳоми тоза мегирем. Воқеан, халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *