
Паём сарчашмаи боэътимод, фарогири иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқиву бебаҳс, дастуру супоришҳои ба ояндаи дурахшон ҳидояткунанда мебошад.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои узв ва вакилони ин мақоми олии қонунбарор ба халқи шарифи Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 2024 – дар анҷоми соле, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуд, ироа гардид.
Дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ватани азизамон Тоҷикистон мавриди таҳлили амиқ, хулосабарорӣ, натиҷагирӣ ва ояндабинӣ қарор гирифта, аз амалишавии ҳадафҳои стратегӣ, рушди бемайлони тамоми ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мужда дода шуд. Пешвои миллат зимни суханронии хеш, аз ҷумла қайд намуданд, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Бо ин мақсад, Пешвои муаззами миллат вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳангро вазифадор намуданд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд. Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Натиҷаҳои судманди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ворид намудани санаҳои зерин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО мебошад:
• 1150 – солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абу Абдулло Рӯдакӣ (соли 2009);
• 100 – солагии шоири миллии замони шуравии тоҷик Мирзо Турсунзода (соли 2009);
• 100 – солагии бастакори шуравии тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ (соли 2014);
• 600 – солагии нависанда, шоири тоҷику форс, файласуф, мусиқашинос, инсондӯст Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (соли 2014);
• 3000 – солагии шаҳри қадимаи Ҳисор (соли 2015);
• 700 – солагии шоир, олим ва файласуфи тоҷику форс Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (соли 2015);
• 100 – солагии асосгузори хареографияи тоҷик, бастакори опера ва рақсҳои тоҷикии замони шуравӣ Ғафор Валаматзода (соли 2016);
• 1250 – солагии олим, мутафаққири тоҷику форс Ҳакими Тирмизӣ (соли 2016);
• 1150 – солагии олим, табиб ва файласуфи тоҷику форс Зикриёи Розӣ;
• 400 – солагии шоири равшанфикри тоҷику форс Миробид Сайидои Насафӣ (соли 2018).
Қабул гардидани ин ҷашнвораҳо бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши боризи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешбаранда дар масъалаҳои арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ муҳим хонда, ба ташаббус ва иқдомҳои мо эътимоду боварии комил дорад.
Бояд ёдовар шуд, ки Пешвои муаззами миллат дар асари пурарзиши хеш “Чеҳраҳои мондагор” қайд менамоянд, ки Куруши Кабир 2500 сол аз ин муқаддам ба тарзи давлатдории дунявӣ асос гузоштааст. Илова бар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид намуда буданд: «Гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳалли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист…».
Воқеан, дар натиҷаи ташхис ва таҳлили Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маълум гардидааст, ки дар он беш аз 50 ғояи башардӯстӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ инъикос ёфтааст, аз ҷумла:
Шоҳ кафили ҳуқуқи инсон ба зиндагӣ мебошад. Кас ҳақ дорад манзилашро тарк кунад ва ба он баргардад. Ҳеҷ кас набояд дар ҳолати ғуломӣ қарор дошта бошад. Ҳар кас ҳуқуқи истифода аз ёдгориҳои маданиятро дорад. Касе ҳақ надорад раиятро аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум созад. Мардум ҳақ доранд ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намоянд. Қонунҳо бояд баробарҳуқуқии ҳамаро таъмин намоянд. Давлат кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардум мебошад. Қонунҳо бояд дар пояи адолати сиёсӣ ва иҷтимоӣ қарор дошта бошанд. Дар муносибатҳои байналмилалӣ на ҷанг, балки дипломатия афзалият дорад. Инсон ҳуқуқҳои азалӣ дорад ва онҳоро касе ҳақ надорад шиканад. Ҳамаи нажодҳо баробарҳуқуқанд. Ҳамаи халқҳо ҳуқуқи истиқлолияти худро доранд. Касе ҳақ надорад инсонро ба қатл расонад. Ҳар кас ҳуқуқ ба зиндагӣ дорад.
Инчунин таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар 30 моддаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар 44 мавриди он ғояҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар шаклу мазмуни дақиқи имрӯза омадаанд. Дар баробари ин, дар Эъломияи ҳуқуқи башар ғояҳои башардӯстонаи зиёде ҳам ҷой доранд. Эъломияи ҳуқуқи башар аз тариқи андешаҳои Куруши Кабир дар сатҳи хеле баланди ғояҳои башардӯстона, соддаю бо забони равон ва нақлӣ таҳия карда шуда, қариб ҳамаи он масъалаҳоеро инъикос кардааст, ки барои инсоният натанҳо дар Бобулу тамоми Шаҳаншоҳии Ҳахоманишиён ва аксарияти давлатҳои дунёи қадим, балки дар асрҳои миёна ва ҳатто дар асрҳои нав ва замонҳои таърихи навину муосир ҳам хос ба назар мерасанд. Таъкид бояд кард, ки дар таҳияи санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар баробари Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ғояҳои зиёди ҳуқуқӣ ва ахлоқии дар Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир инъикосёфта мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Тавре муҳаққиқони зиёди муосир қайд мекунанд, чор моддаи аввали «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар»-и муосир аз ғояҳои ҳуқуқию ахлоқии «Эъломияи ҳуқуқи башар»- и Куруши Кабир гирифта шудааст.
Дар фарҷоми андешаи хеш, бо боварии комил метавон қайд кард, ки ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир тариқи қатъномаи дахлдори ЮНЕСКО бо иттифоқи оро пазируфта шуда, боз ҳам баланд бардоштани обруву нуфузи ҷумҳурӣ рӯйдоди таърихӣ ва беназир хоҳад шуд. Воқеан, Эъломияи Куруши Кабир нахустин санади кафолати озодии мазҳабу эътиқоди динӣ ва эҳтироми ҳуқуқи ақалиятҳои миллӣ дониста машавад, ки сарманшаъ мегирад аз тамаддуни ориёӣ. Куруш дар таърихи тамаддуни башарӣ бо сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, таъсиси империяи тавоною мутамаркази ориёӣ, усули нави идоракунӣ ва шакли мукаммали давлатдорӣ, ислоҳоти умури сипоҳу низоми лашкар, густариши тиҷорату тадбирҳои роҳсозӣ, алалхусус, пойдории адолату пуштибонии ҳуқуқи манзалати ҷумлаи халқиятҳои сокини қаламраваш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Куруши Кабир дар миёни шоҳаншоҳони аҳди қадим яке аз оқилтарин, боинсофтарин, камозортарин ва дурандештарин шоҳаншоҳ буд, ки бо тамаддунофарию давлатсозӣ, инсонпарварию адолатпешагӣ ва рафтору ахлоқи ҳамидааш нуфузи оламгир ёфтааст. Хулоса, донистани таърихи миллат барои ҳар фарди соҳибшуур шарти ҳатмист, зеро он барои худмуайянкунии шахс дар муҳити гуногунфарҳангии ҷаҳон ҳамчун сипарест, ки ӯро аз фурӯ бурдан аз ҷониби фарҳангҳои ғайр эмин медорад. Мо бояд аз фарзандони фарзонаи миллати хеш сабақ гирем, худшиносу худогоҳ бошем, ҳувияти миллӣ дошта бошем, арзишҳои миллиро чун гавҳараи чашм ҳифз кунем ва тоҷик будан барои мо бояд мояи ифтихор гардад. Танҳо дар ҳамин ҳолат давлати мо метавонад умри абад дошта бошад ва мо дар он осуда зиндагӣ ва ҳаёт ба сар бурда метавонем.
МАНОНОВА Ф.И.,
ассистенти кафедраи
ҳуқуқшиносии ДИС ДДТТ