Изҳороти Шамсидинов Абдулло ва Равшан Маҳмудов, муаллимони калони кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ оид ба аҳдшиканиҳои ТТЭ ҲНИ

Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм (тундгароӣ), ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд.

Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурҳҳҳои номатлуб шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гурҳҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рўзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон кифоя набуда, дар зиндагӣ бо мушкилотҳои ба монанди қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд. Бо назардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд.

 – Исломикунонии маҷбурии ҷомеа, аз ҷумла ворид намудани фарҳанги бегонаи исломӣ, аз қабили ҳиҷоб ва либосҳои бегона;

– Пайдоиши тафриқа миёни мусалмонони кишвар: ба вуҷуд омадани як қатор гурҳҳҳои ғаразноки динӣ, аз он ҷумла «Салафия», «Ваҳҳобия», «Такфириҳо» ва гурўҳҳое, ки мақсадҳои ғаразнокро пайгирӣ менамоянд;

– Ин гурўҳҳо зери таъсири ақидаҳои тунду ғаразнок ҷавонҳоро ба сафи гурўҳҳои экстримистии хеш шомил гардонида, ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ, монанди қатлу ғорат кардани тайёр мекунанд.

Мутаассифона, эшон аз номи дини мубини ислом ҳарф зада, ба шаъни ин дини муқаддас иснод оварда, мардумро фирефтаи худ месозанд. Дар натиҷа иддае аз ҷавонони раҳгумзадаи тоҷик дар баробари ба гирдоби ҷанги бемаънӣ афтодан, инчунин ҳамсару фарзандони худро низ ба кишварҳои ҷангзада даъват намуда, ҳаёти онҳоро низ дар хатар мегузоранд.

Ҳизби наҳзати ислом ба сифати ҳизби характери динӣ дошта эътироф мегашт, лекин он ташкилоти динӣ набуда, ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти диниро надорад. Тибки моддаи 2 Конуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбхои сиёсӣ» максади асосии ҳизби сиёсӣ иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеъа бо воситаи ташакккули иродаи сиёсии шаҳрвандон мебошад

Фаъолияти ТТЭ ҲНИ бошад ҳамеша аз фитнаву бадбиниҳо нисбат ба ҳукумат ва давлат мебошад. Бо ин қаноат накарда дар охир ТТЭ ҲНИ аҳдшиканӣ кард. Рў ба силоҳу яроқ овард ва ба созишномаи сулҳ зарба зад. Фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун фаъолияти ифротгаро ва террористӣ маҳкум менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *