Чомеа дар ҳоли рушд қарор дорад. Иқтисодиёти кишвар низ батадриҷ пеш меравад. Сол то сол шумораи корхонаҳо низ зиёд мешавад. Душманони миллат чаро аз қатъи фаъолияти коргоҳҳо ҳарф мезананду аз дастовардҳои мамлакат лаб ба хомӯшӣ мениҳанд. Ба ин рақамҳо таваҷҷуҳ намоед: Дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 дарсад ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 дарсад зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 дарсад афзоиш ёфт. Рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат 21,5 дарсад, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 6, савдои чакана 6,6 ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 дарсад таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3 дарсад нигоҳ дошта шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ, иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 дарсад зиёд муайян гардид. Магар ин дастовард нест?
Мо, устодони собиқадор мунтазам дар вохӯрию конфронсҳо, соатҳои тарбиявӣ хонандагонро бо моҳият ва «рисолати нахзатиён» онҳоро ошно сохта, чеҳраи аслии «саромадони» ҳизбро ба дурустӣ мефаҳмонем. Кӯшиш ба харҷ медиҳем , ки хонандагони мо донанд,ки аз руйи ин амалҳои хатарнок ва номатлуб ҳамарӯза дар ҷаҳон садҳо нафар одамони ҷони ширини худро аз даст медиҳанд, террористон ватан , дину оин ва мазҳаб надошта ҳадафи онҳо танҳо даҳшатфикани ва бо ин роҳ ба мақсади шуми худ расидан мебошад.
Ҳамаи мо ба қадри сулҳу суботу оромии кишвар расида, ҷавобан ба ғамхорию муҳаббати самимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, ватанпарастию донишмандӣ дучанд меҳнат карда саҳми босазо хоҳем гузошт.
Танҳо саводу дониши комил ва иродаи матину ватанпарастӣ метавонад моро дур аз ин гирдоби осебкунандаи ҷаҳон нигоҳ дорад.
Мо, устодон амалҳои номатлубро маҳкум намуда барои пешравии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссагузор хоҳем шуд.