ИЗҲОРОТИ омӯзгорони кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ оид ба воқеаҳои охирини Бадахшон

Хабари АМИТ “Ховар” дар бораи он, ки 17 майи соли 2022 аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, бевосита дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастаанд, моро хеле ба ташвиш оварда, хотирамонро мушавваш намуд. Дар урфият мегӯянд, ки “аз оташак аланга бармехезад”. Аз ин лиҳоз, амалиёти оғозгардида нисбат ба ин аъмоли душманони миллат аз ҷониби мақомотҳои қудратиро дастгирӣ менамоем.
Маълум аст, ки роҳи Душанбе Қулма роҳи байналмиллалӣ мебошад, аз ин рӯ ҷинояти содир шуда характери трансмиллиро дорад. Ҳеҷ шубҳае нест, ки кирдори мазкур, барқасдона, ба муқобили пояҳои сохти конститутсионӣ равона шудааст ва дар паси пардаи ин амали ҷинояткорона боз ҳамон қувваҳое меистанд, ки мехоҳанд вазъи иҷтимоию сиёсии Тоҷикистонро ноором созанд. Бинобар ин, чунин кирдорро мо маҳкум намуда, ширкатдорони онро ба ҳусну тафоҳум ва созиш даъват менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *