ИҒВОАНГЕЗИИ ЗАРХАРИДОНИ ХОРИҶӢ!

Воқеаҳои моҳи майи соли равон дар Бадахшон на танҳо сокинони вилоят, инчунин тамоми шаҳрвандони кишварамонро ба канор гузошта наметавонад ва ин амали иғвогарони бадхоҳони миллатро шадидан махкум менамоем. Дар робита ба ин андеша карда қайд менамоем, ки ин навбат аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, бевосита дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастанд. Аз амали навбатии бадхоҳони миллат ба хулоса омада, қайд кардан лозим аст, ки дар ин шаклҳои иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб шудаанд, ки аз пуштибонии созмони байналмилалии террористӣ шаҳодат медиҳад. Аслан бетартибиҳо, ҷинояткориҳо ба пушту паноҳи ҳочагони хориҷӣ ва кишварҳои манфиатовар такя мекунанд .Дар робита ба ин таҳлилу мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Хоруғ тибқи дастури бевоситаи хоҷагонашон амалҳои муғризонашонро амли менамоянд. Аз ҷумла, таҳдид ба намояндагони давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкили гирдиҳамоиии ғайриқонунӣ, бастани роҳи автомобилии байналмилалӣ ва ғайраҳоро пеша намудаанд. Яке аз ташкилотчии асосии ин ҷинояту бетартибиҳо, гурӯҳи муташаккили ҷионятӣ , аз ҷумла, саркардаи гӯрӯҳи ҷиноии Хоруғи Боло Мамадбоқир Мамадбоқиров мебошад. Дурустии ин гуфтаҳоро муроҷиатномаи ашхос бо номи Аловатшоев Амридин – ҳаммаслаки Муҳаммадбоқир тасдиқ мекунад. Амриддин, ки аз амали авбошиаш 2 сол қаблан аз озоди маҳрум шуда буд, имрӯз ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муроҷиат намуда, ба гуноҳҳои содир кардаи худ ва дигар ҳаммаслаконаш иқрор шудааст. Оқибат Аловатшоев А. хуб фаҳмид, ки ба даромадан ба гапи зархаридони хориҷӣ ба сари халқи мо чӣ қадар мушкилӣ, азобу уқубат меоварад.
Дар фарҷоми андешаи хеш , боз такроран, чи тавре, ки дар андешаи қаблиям гуфта будам боз такроран кайд менамоям, ки барои зархаридон тақдири халқ муҳим нест, барои ба даст овардани ниятҳои нопоки худ мехоҳанд дар кишвари мо аз нав ҷанги шаҳрвандии бародаркуширо барпо намоянд. Онҳо мисли Аҳриман ҳастанд, ки мувофиқи ривояти Шоҳномаи Фирдавсӣ халқҳоро ҳимдигар ҷанг медоронад.
Сокинони Бадахшон умуман мардуми Тоҷикистон оромию тинҷии ҷумҳурии азизамонро мехоҳанд ва онҳо намегузоранд, ки баъзе аз гурӯҳҳои манфиатдор вазъи кишварамонро ноором созанд.
Хулоса, воқеаҳои давраҳои охир водор менамояд, ки нисбати қазияҳои Бадахшон бефарқ набошем. Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд. Бинобар ин ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.

ИБРОГИМОВ И.И.,
дотсенти кафедраи математекаи олӣ
ва технологиҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *