Изҳороти омӯзгорони кафедари ҷомеашиносии ДИС ДДТТ дар шаҳри Хучанд  доир ба Ҳизби наҳзати исломӣ ва нақшаҳои зерпардагии он

 Мо омӯзгорони кафедра оид аз таърихи пайдоиши ҲНИ  каме ёдовар  шуда қайд менамоем, ки воқеан баъди Ваҳдати миллӣ санаи 28 октябри соли 1999  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти нави ҲНИ иҷозат дода буд.  Вале ин ҳизб бо ҳар роҳу восита иғвогариҳо фитнаангезӣ, гумроҳсозии аҳолиро оғоз намуда, даст ба терроризм зада алайҳи ҳокимияти конститутсионӣ боз амалҳои душманониашро оғоз намуд. Дар натиҷа тули солҳои охир 45 нафар аъзоёни ин ҳизб барои ҷиноятҳои вазнин ва 17 нафари дигар барои ҷиноятҳои ифротгароӣ ва террористӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, ки яке аз ҷиноятҳои онҳо бо роҳбарии Давлатов Аловуддин ( Алии Бедакӣ)  ва Раҳимов Абдулло (Мулло Абдулло) боиси марги 25 нафар хизматчиёни ҳарбӣ дар водии Рашт гашта буд. Ин гуна ҳодисаҳо дар Хоруғ, Исфара боиси марги чандин кормандони ҳифзи ҳуқуқ гашта буд. Амали ноҷавонмардонаи собиқ генерал Назарзода Абдуҳалим (Ҳоҷи Ҳалим) ва роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ки 4-16 сентябри 2015 тавассути террор сарнагунсозии ҳокимиятро доштанду зиёда аз 20 гурӯҳҳои 15-30 нафариро ташкил дода буданд, косаи сабри мардумро лабрез сохту бо талаби прокурори генерали Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИ-ро чун ҳизби экстремистию терористӣ  аз санаи 28 октябри соли 2015 қатъ намуда, бо баробари ин рӯзномаи он “Наҷот ва соманаи интернетии ҲНИ-ро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намуд. Гарчанде фаъолияти ин ҳизби бадхоҳи миллат манъ карда шуда бошад ҳам, вале намояндагони саргурези он аз хориҷи кишвар истода боз мехоҳанд, ки ҳаёти осоиштаи ҳалокат андозанд. Барои ба ин мақсади манфури худ ноил гаштани онҳо бо бадномкуни сиёсати давлатии мо даст зада, таъинотҳои хоҷагони хориҷии худро иҷро намуда бехабар аз онанд, ки онҳо ба ланъати халқу миллат гирифторанд!

Мо ба ин ашхосон муроҷиат намуда, гуфтанием,ки имрӯз дар хориҷи кишвар дур аз Ватану миллат ба сари халқи худ, ҳукумати конститутсионии он борони тӯҳматро рехта фикр намесозед, ки фарзандони шири софу поки модари тоҷикро чашида ба камол расидагонро роҳ гум зада, бо ваъдаҳои хушку холии худ он бегуноҳонро ба вартаи ҳалокат равона сохта истодаед! Охир модарон ба сад умеду орзу фарзанд ба воя мерасонанд, ки онҳо бо халқу Ватани худ хизмат намуда, дар айёми пири асои дасти онҳо шаванд. Шумо бефарҳангон баҳри як луқмаи ночизи хоҷагони хориҷии худ ва орзӯи курсию мансаб, ки ба он ноарзанда ҳастед, ба рехтани ашки ҳасрати онҳо сабаб гашта магар тарс аз дуои бади онҳоро надоред. Охир бузургон гуфтаанд:

Ҳарчиз аз роҳи бадӣ маҷсуди кори худ маҷӯ,

Як бадӣ хоҳи ба кас даҳчанд баргардад ба ту !

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *