Изҳороти омӯзгорони кафедраи забони хориҷии ДИС ДДТТ  дар шаҳри Хуҷанд  оид ба намоиши филми мустанади “Хиёнат”

Дар давоми моҳҳои июлу августи соли равон тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанад бо номи  “Хиёнат” намоиш дода шуд, ки он воқеан дар сатҳи баланди касбӣ, бо истифодаи факту рақамҳо ва омори дақиқ, андешаҳои шахсони воқеӣ бо исботу далел ҷиноятҳои бисёр ваьшиёна содир намудани аъзоёни собиқ Ҳизби назҳати ислом ва пайравони Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро дарбар мегирад.

Бояд қайд намуд, ки дар филми мазкур маълумоти пурраи шарҳи ҳолӣ, кирдорҳои ҷиноятӣ, одамфиребӣ, ҳилаву найрангу амалҳои ғайразноки  М.Кабирӣ ва дар алоҳидагӣ ҳар як аъзои собиқ ҲНИ  ба мардум,  намоиш дода шуда, чеҳраи аслии онҳоро мардуми тоҷик шинохтанд, ки онҳо кистанд ва чӣ хиёнате нобахшиданӣ дар ҳаққи миллати худ кардаанд. Бо баробари тамошои филми зикршуда ба  ҳамагон аён гардид, ки ба амалҳои хунин ва  чеҳраи аслӣ, яъне “гургон дар пӯсти гӯсфандон”-ро бо ин ҳама корҳои зиште, ки ба сари миллати тоҷик дар солҳои 90-ум оварданд,  маълумот пайдо намоянд. Инчунин дар филм собиқ аъзои ҳизби назҳати ислом бо номи Аёмиддин Сатторов, Муҳаммадалӣ Раҳматуллоев додарарӯси М.Кабирӣ, ронадааш Ҳикматулло Сайфов ва ҳамчунин як қатор ҳамдиёронаш бо мисолҳои амиқ М.Кабириро зери эроди ҷиддӣ қарор дода, ба содиршавии ҷиноятҳо ӯро гунаҳкори асосӣ ҳисобиданд. Зимни суханрониашон қайд карданд, ки фирефтаи дуррӯғпардозиҳо, ваъдаҳои хушку хол ва найрангьои аҳримании роҳбарияти собиқ  ҲНИ нагарданд. Илова бар ин, аъзоёни маҳбусии ин ташкилоти террористӣ  аз  кирдорҳои ғайрибашарии худ ва хиёнати кардаашон  сахт пушаймонӣ мекунанд ва худро қурбони дасти гургони ТТЭ  ҲНИ меҳисобанд. Дар ҷараёни филм ишора гардидааст: “Касе, ки ба иштибоҳ роҳ додааст – бахшидан мумкин аст, вале касе, ки хиёнат кардааст – бахшида нахоҳад шуд” Ин гуфтор хеле бамаврид аст. Воқеан хиёнаткор абадан хиёнаткор  аст ва ин амал нобахшиданист!

Хиёнатҳои ошкор гардидаи хоинони миллат  падидаи номатлубе, ки имрӯз ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва экстремизм (ифротгароц) мебошад. Аз хатари ин авзои номатлуб дар сайёра миллионҳо нафар одамон ҷони худро аз даст додаву садҳо нафари дигар дар хавфу хатар қарор доранд, ки боиси нигаронист. Дар чунин сурат мебояд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зиддӣ гурӯҳҳои мамнӯи экстремистиву террористӣ мубориза барем, то сулҳу субот дар кишварамон танинандоз бошад.

Мо омӯзгорон аз тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» хулосабарорӣ намуда, ба хиёнаткорони миллат таъкид мекунем, ки ифлосиву ноҷавонмардӣ, нотавонбиниву ношукрӣ ва дур аз Ватан будан шуморо оқибат ғарибкафан, ғарибгар месозад, хоинони бешарафи миллат! Хулоса амалҳои хоинони миллат- назҳатиёнро қотеъона маҳкум намуда, барои решакан намудани амалҳои террористию ифаротгароёнаи онҳо мубориза хоҳем бурд!

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида дар изҳороти хеш иброз медорем, ки воқеан таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои волои миллӣ ва пайравӣ аз ташаббусу иқдомҳои созандаи фарзандони фарзонаи миллат аз ҳар як фарди баору номуси кишвар масъулияти басо бузургро талаб менамояд. Пас ҳар яки моро месазад, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва рушди устувори кишвар камари ҳиммат баста, барои ояндаи ободу зебо, зиндагии орому осоишта, пойдории сулҳу субот, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои волои миллӣ саҳми арзишманд ва назаррасро дар хизмати содиқона ба давлату миллат ва Ватани азизамон Тоҷикистон анҷом диҳем. Бо баробари ин ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муваффақиятҳо таманно менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *