Изҳороти муаллимаи калони кафедраи забонҳои хориҷӣ  оид ба филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”

Ман филми мустанади «Хиёнат»-ро  тамошо кардам, ки дар он  кирдорҳои нобахшидании сарвар ва аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ТТЭ ҲНИ  комилан фош карда шудаанд. Филми мазкур дар асоси  далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизб ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро    тасвир намоянд. Маро ин филм водор сохт, ки  нисбати таърихи начандон гузаштаи худ бетафовут набошам. Зеро маҳз дар ин тасвирҳо он амалҳои зишту ғайриинсонии ин ҳизби мамнуъгардида нишон дода шудааст. Мақсади ин ватанбезорон, душманони миллат бо чеҳраҳои зери ниқоби дини ислом ғасби ҳокимият буду ба сари қудрат омадан буд. Бо суханҳои иғвоангезу амалҳои риёкорона мардуми оддиро бештар сайди доми худ мегардониданд. Хушбахтона ҳокимияти конститутсионӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат барқарор гардиду, нақшаҳои ғаразноки ин гуруҳҳо иҷро нагардиду тирашон дар шоҳроҳи сиёсат хок хурд.

Маҳз хизматҳои ин шахси сиёсатпеша Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрўз мо мардуми тоҷик ба ваҳдати миллӣ расидему ояндаи дурахшони диёри маҳбубамонро муайян намудем. Вале афсус боз ин гуруҳҳои манфиатхоҳ, ҳамаи ин пешравиҳову созандагиҳоро чашми дидан надоранд. Чеҳраҳои манфури худро имрўзҳо нишон дода истодаанд, ки дар ин филм тасвири худро ёфтааст. Ҳамгиро будани ҳизби мамнўи наҳзати исломӣ бо созмону ташкилотҳои террористии байналмилалӣ дар ин филм хеле равшан иъникос ёфтааст. Филми мазкур ҷиҳатҳои мусбии тарбиявиро соҳиб аст. Мо инро ба насли ҷавони имрўз нуқта ба нуқта фаҳмонида бояд онҳоро бо ин чеҳраҳои хиёнаткори миллат огоҳ созем. То бидонанд решаи ҳақиқии таърихи соҳибистиқлолии халқи тоҷик аз куҷо сарчашма мегирад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *