ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи маркази бақайдгирӣ ва машварати ДИС ДДТТ нисбат ба андешаи ботили хоинони миллат – ТТЭ ҲНИ- ПМ ва Гурӯҳи-24 доир ба қазияи Бадахшон

Мо кормандони шуъба доир ба қазияи Бадахшон, ки аз санаи 25 ноябр то 28 дар маркази ВМКБ, шаҳри Хоруғ аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил шуда буд, зимни изҳорот андешаҳои хешро иброз медорем. Доир ба ин масоил таҳлилу мушоҳидаҳо собит менамояд, ки ҳаммаслакону пайравони ташкилотҳои экстремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати ислом” ва ё “бо номи Паймони миллӣ” (ТТЭ ҲНИ, ПМ) ва “Гурӯҳи-24”тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаҳои ифротиаш баромад намуда, таблиғи андешаҳои ботил, пеш аз ҳама ноором намудан ва рахна сохтан ба девори сулҳу суботи кишвар, барҳам задани умеду орзуи мардум ва дар вазъияти ногувор гирифтор намудани ҷомеаи имрӯзаи мо кӯшиш доранд. Хоинони миллат – роҳбарон ва фаъолони ТТЭ ҲНИ – ПМ ва Гурӯҳи-24 дар шабакаи интернетии “Ютуб” ва барномаҳои мессенҷерӣ аз тазоҳуроти шаҳри Хоруғ истифода намуда, тамоми шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои тазоҳурот даъват карданд. Ҳодисаи Бадахшон барои хоинони миллат як баҳонаи навбатӣ буд, ки бештар дар ҳафтаи охири моҳи ноябри соли равон Кабирию Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф, Беҳрӯз Тағойзодаи ҳасадхур тариқи барномаи ифротиашон боз чун солҳои қаблӣ худро “адолатпарвар” нишон дода, нисбати ҳодисаҳои гирдиҳамоии дар шаҳри Хоруғ ва шаҳри Москваи Федератсияи Русия руйдодаро нодуруст маънидод намуда, мехостанд вазъи кишвари моро ноором созанд. Ин роҳгумзадагони бешарафи ҳасадхур ҳар иғвою дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозашон рост меояд, бе ягон асос гапи сафсата мегӯянд. Ин ашхос берун аз кишвари мо иқомат доранду, бехабар аз ҳақиқати ҳоли ҳодисаҳо ва умуман доири масоили зикршуда маълумоти кофӣ надоранд ва ё худро ба нодонӣ мезананд.
Дар робита ба ин ба хонандаи закӣ барои хулосабарорӣ нисбати гуфтори бадхоҳони миллат вобаста ба сабабу омилҳои гирдиҳамоии ғайриқонунӣ шарҳ додан ба мақсад мувофиқ аст. Воқеияти ҳол ин аст, ки ҳангоми гузаронидани амалиёт нисбати Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслакони ҷиноятиаш, ки дар хонаи истиқоматии номбурда қарор доштанд, ба талаботи қонунии кормандони мақомоти амният итоат накарданд ва муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, ҷониби онҳо аз таппончаи тамғаи «Макаров»-и ғайриқонунӣ дар ихтиёр доштааш оташ мекушояд, ки дар натиҷа ду корманди амният ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Дар рафти амалиёт кормандони мақомоти амният тибқи моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, ба хотири зада гардонидани ҳамлае, ки ба ҳаёт ва саломатии корманди мақомоти мазкур таҳдид мекард, дар доираи ваколатҳои худ аз силоҳи хизматӣ истифода намуданд. Аввал ба ҳаво тири огоҳкунанда ва баъдан ҷониби онҳо тир мекушоянд. Дар натиҷа, Зиёбеков Г.З. безарар гардонида шуда, ҳаммаслакони ӯ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Бояд ёдовар шуд, ки Зиёбеков Г.З. ва ҳамдастонаш аз 16 апрели соли 2020 бо моддаҳои 181 қисми 3 (Ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189 қисми 3 (Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.
Ниҳоят роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ҳудуди ВМКБ бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои ғаразноки худ ҳолати мазкурро тобиши ҷамъиятӣ дода, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба таври ғайриқонунӣ гирдиҳамоӣ ташкил намуданд. Саркардаҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва эътирозгарон аз ҳиссиёти авбошӣ бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, сардори ШВКД шаҳри Хоруғро, ки бе яроқ буд, бо истифода аз корд захмӣ намуданд, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Илова бар ин, якчанд нафар кормандони милитсия ва амният ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ оид ба таъмини амнияти сокинони шаҳр мавриди лату кӯби шадид қарор дода шуда, ба саломатии онҳо низ зарари вазнини ҷисмонӣ расонида шудааст. Дар натиҷаи амалҳои авбошона ва тахрибкоронаи аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони гумроҳшудаи вилояти Бадахшон 25-27 ноябри соли ҷорӣ даҳҳо дарахтони канори роҳи мошингард бурида ва роҳи автомобилгарди байналмилалии “Душанбе-Хоруғ-Қулма”, ки ягона роҳи воридоти молу маҳсулот ба маркази вилоят мебошад, баста шуд. Дар маҷмӯъ, ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимомии ВМКБ зиёда аз 3 миллиону 560 ҳазор сомонӣ зарарӣ моддӣ расонида шуд. Баробари ин бояд қайд кард, ки вобаста ба ҳодисаи рухдода аз ҷониби ҷинояткор Аловатшоев Амриддин, ки қаблан бо ҷурми таҷовуз ба номус ва гаравгонгирӣ дар ҷустуҷӯ буда, дар ҳудуди Россия қарор дорад дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Москва гирдиҳамоӣ ташкил намуда, бо таҳрифи ҳодисаҳо хост ҳамдастони ҷинояткорашро бегуноҳу мавриди таъқиб нишон диҳад. Ин аст воқеияти аслии ҳол.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳақиқат ғалаба кард. Ҳеҷ хоинону бадхоҳони миллату давлат фикри солими мардуми кишварамонро дигар карда наметавонад. Мардуми огоҳу хештаншиноси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаста ба ҳодисаҳои руйдода саривақт ба худ хулосаи зарурӣ бароварданд ва дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хорӯғ пурра ба эътидол оварда шуд.
Дар фарҷоми изҳороти хеш хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки воқеан дар чашми ягон инсони хирадманд, бо ақлу бо фаросат, ҳуқуқдон, равшанфикр пӯшида нест, ки дар кӯтоҳтарин фурсат чи ҳодисаҳои ғайриқонунӣ ва қонуншиканиҳо дар қаламрави Бадахшон ба вуқӯъ омад. Аз ҷониби як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ гаравгонгирӣ, таҷовузи бешармона, нафратандозӣ дар муқобили мақомоти давлатӣ, даъвати мардум ба эътирозҳои ғайриқонунӣ, таҳқири арзишҳои инсонӣ, хушунат ва шиканҷаи Раиси вилоят ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, чи гуна мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат метавонад хомуш ва бетараф бошад?! Бояд ҳақиқат ва волоияти қонун таъмин карда шавад!
Бинобар ин айни замон вобаста ба ҳодисаҳои рухдода аз тарафи Прокуратураи вилояти ВМКБ нисбат ба аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии онҳо идома дорад. Аз ин рӯ, саркардагон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташккили ҷиноятӣ дар ҳаросанд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба онҳо чораҳои бетаъхири қонунӣ меандешанд. Тибқи талаботи қонунгузорӣ ба ашхоси ихтиёран ба тафтишот ҳозиршуда сабукии ҷазо пешбинӣ гардидааст. Дар ҳолати ихтиёран ба тафтишот ҳозир нашудан, нисбат ба шахсони гунаҳгор чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.
Мо кормандони шуъба зимни изҳороти хеш баробари сокинони фаъол ва аҳли зиё, шахсони барӯманди мардуми Бадахшон, амалҳои ғайриқонунии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро қотеъона маҳкум менамоем ва бигузор ба хотири пойдории қонуният ва риояи тартибот дар ҷумҳурӣ нисбат ба шахсони гунаҳгор тибқи қонунҳои амалкунадаи кишвар чораҳои қатъӣ андешида шаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *