
Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд огоҳ њастем, ки вақтҳои охир аз ҷониби бадхоҳону хоини миллат, бахусус пайравони наҳзату навнаҳзатӣ тавассути “Фейсбук” ва “Ютуб” баромадҳои пасту баланди бардурӯғу иғвогаронаро пешаи худ намудаанд. Масалан, яке аз шогирди Муҳаммадиқболи Садриддин афроде бо номи Абдухалили навнаҳзат, лақабаш “Алмаз”мебошад, мунтазам тариқи шабакаи иҷтимоӣ, дар


барномаи “Дурахши ҳақ ”баромади ифротӣ менамояд. Ин афроди роҳгумзадаи ифротӣ айнан ба устодаш М.Садриддин тақлид намуда, бо худнамоиву риёкорӣ, ва баёнияи тазоҳургаронаашон баромад намуда, нисбати Тоҷикистон ва давлату миллат бештар бадгумонӣ карда, тухми кинаву адоватро мекорад.Чунончи, санаи 1 июни соли равон А.Восиев
тибќи сенарияи омодашудаи устодаш ва маслиҳати њочагонашон дар барномаи “Дурахши ҳақ” сабти видеоӣ намоиш дода ,зимни баромадаш онро ба таври худ ва мувофиқ ба ғаразҳои нопокаш шарҳ дода, бо чоплусиву бегонапарастӣ ва амали ноҷавонмардонаи худ камбудиҳои ночизи кишварро чун устодаш М.Садриддин мавриди таҳқиру писханди ҷомеа қарор дод, ки саропо туҳмат, дуруғ, фиреб ва инкори гапҳои худаш буд.
Хуллас, аз баромадҳои Восиев А. ҳар як инсон бе ягон душворӣ дарк мекунад,ки ин навнаҳзат мавќеи худро дар љамъият пайдо накарда, аз рўи бефарњангї, бемаърифатӣ ва назари тангбинонааш ба доми наҳзат афтодааст. Навнаҳзат-А.Восиев, яке аз афроди раҳгумзада, бедониш, бефарҳангу бесавод, бедину мазҳаб, беимон ва беватан мебошад.
Дар фароварди изњороти хеш фаъолияти наҳзату навнаҳзат ва умуман бадхоҳони миллатро дар хориҷи кишвар маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди кишвар, бахусус ба муњољирони мењнат ќарор дошта, даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаи душманони миллат ба гирдоби ҷангу ҷилолҳо кашида шавад. Боварӣ дорем, ки мардуми тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон ва душманони миллат нахоҳанд шуд. Намегузорем, ки пои нохалафе марзу буми кишвари моро убур намуда, амну суботи кишвари моро халал ворид намояд.
