Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, борҳо зимни изҳоротҳои хеш нисбат ба баромадҳои ифротии Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат- “Паймони милли…” мебошад, андешаҳои хешро баён намуда, онро шадидан маҳкум карда будем. Имруз низ дар атрофи суханрониҳои М.Садриддин ва думравонаш, ки санаи 1 январи соли 2025 тавассути сомонаи “Ислоҳ нет.”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромада намудаанд, ибрози андеша менамоем. Ин навбат бадхоҳони миллат- М.Садриддин ва шогирдону думравонаш, аз ҷумла Абдухалил Восиев, Муҳаммад Тағоев ва афроде бо номи Муҳаммадамин зимни баромадҳои ифротиашон худро “адолатхоҳ”, нишон дода, дар бораи қазияи Сурия суханҳои бемантиқона дур аз ҳақиқатро баён дошта, марудмро ба гирдиҳамоӣ даъват кард.Бояд ёдовар шуд,ки дар оғози соли сипаригардида оид ба маҳудияти барқ, озод намудани зиндониёни сиёсӣ, яъне маҳбусон сухан карда буд.Хулоса, сенарияи имсолаи М.Садриддин чун солҳои қаблӣ боз ба суханпардозиву найрангбозӣ, дурӯғпаҳнкунӣ, иғвоангезиро пеша намуд. ки он ба ягон қолиб, аз ҷиҳати сиёсӣ рост намеояд! Ин тудаи бадхоҳони миллат ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанду надоранд ва барои манфиати шахсӣ мақсад доранд, ки вазъияти кишварро тағйир диҳанд. Мақсади дигари ин гуруҳаки хиёнаткор дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад.

Хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони кишвари соҳибистистиқлоламон, ки бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад ва ба баромадҳои хоини миллат – М.Садриддин ва шогирдону думравонаш баҳои дурусти худро дода, онро шадидан маҳкум менамоянд .Бо боварии комил метавон қайд кард,ки ҷавонони ватандӯсти даврони соҳибистиқлол минбаъд низ ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, намегузорем, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ, бахусус раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..” дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.
Дар фарҷоми изҳороти хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем,ки мақсади навбатии М.Садриддини хоин ва шогирдонаш ва умуман наҳзатиёни фирорӣ ин иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар аст. Баробари ин, таъкидан хотиррасон менамоем,ки таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандил!
