Изҳороти кормандони шуъбаи магистратура ва докторантураи ДИС ДДТТ нисбати амалҳои тереррористи ва қатлу куштор дар дабистони духтаронаи марказии шаҳри Қобули Ҷумҳурии исломии Афғонистон

 

Имрӯз ҷаҳон шоҳиди ҳодисаҳои террористию падидаҳои бисёр номатлуб гашта истодааст. Воқеан терроризму экстремизим падидаҳои номатлуб буда, мутаассифона, солҳои охир омили асосии нафрату ҷудоиафканӣ, қатлу куштор, тарсу ҳарос ва даҳшату ваҳшат мегарданд. Бояд қайд кард, ки нисбатан мӯътадил гардидани авзои сиёсӣ дар кишварҳои Сурия ва Ироқ, хатари дар Афғонистон маскан гирифтани қувваҳои иртиҷоии террористӣ ва ноором намудани минтақа ба назар мерасанд. Чунончӣ 10 майи соли равон дар дабистони духтаронаи марказии шаҳри Қобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амали террористӣ содир шуд, ки дар натиҷа беш аз 85 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 150 нафар толибилмон захмин шуданд. Бояд қайд кард, ки аксарияти фавтидагону осебдидагон ҷавондухтаронро ташкил медиҳад. Ҷиноятҳои содиркардаи террористон имрӯзҳо дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода, рафтори разилонаи онҳо мавриди мазаммату танқиди солимфикрон ва мусулмонони ҷаҳон қарор дорад. Бояд гуфт, ки ин тоифа одамон бо чунин кирдори нангини худ ба шаъну шарафи миллату давлати хеш иснод меоранд.

Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда бо назардошти вазъи имрӯза ва хатарҳои афзоянда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *