Изҳороти корманди бахши табъу нашри донишкада Дилафрӯз Ҳомидова оид ба сохтмони НБО “Роғун” –сарчашмаи нур ва дастоварди беназири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон

Бо оғози кори чархаи нахустини азимтарин НБО “Роғун” дар минтақаи Осиёи Марказӣ умеди нави зиндагии рангину созанда ва бунёдкорӣ ба парвоз меояд. Бунёди НБО “Роғун” воқеан ҳам ба як иншооти калидии умумихалқӣ табдил ёфта, хурду калони ҷомеа дар атрофи Пешвои худ самимона муттаҳид шуда, ба сохтмонаш камар баст. То чӣ андоза ба аҳамияти бузурги иқтисодӣ бархурдор будани оғози НБО “Роғун”-ро сокинони вилоят ба хубӣ дарку эҳсос мекунанд, зеро бебарқии солҳои 2005-2008-ро ҳанӯз фаромӯш накардаанд.

Ҳамзамон, рӯшан аст, ки барқи муътадилу басанда доштан ин омили рушди иқтисодӣ, равнақи соҳоти гуногуни хоҷагии халқ аст. Мусаллам аст, ки мо – миллати тоҷик созандагиву тамаддунофариро дар ҳама ҳолату шароит ба иҷро мерасонем. Хушбахтона, имрӯз ва дар оянда низ «Роғун», ки ба майдони заҳмату созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ, шуҷоату матонат, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ мубадал ёфтааст, мояи ифтихор хоҳад буд.

Имр=з хонадони ьар як мардуми тожик нурборону  чароғон жило мезанад. Аммо хоинони давлат ҳамеша дилашон ва хонаашон торику шабашон пурзулмот ҳасту хоҳад монд. Зеро онҳо ҳамеша бар зарари мо мардуми тоҷикистонӣ мекӯшанд. Ба суханони хоҷагони хориҷиашон рафта, Сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмонро  бо ҳар роҳ восита дар назди мардум  бадном кардан мехоҳанд. Аммо мо, мардуми шарафманд, фирефтаи суханони ин гуна афрод нашуда, дастгиру пайрави иқдомҳои Сарвари кишвар ҳастем, зеро маҳз талошҳои эшон буд, ки санаи 16 ноябри соли равон аввалин агрегати он ба кор шурӯъ намуд. Ин воқеаи муҳиму тақдирсоз барои мо тоҷикон иди бузург  шуд, аммо барои душманони ватан ғами азим. Зинда бод, миллати созанда бо Сарвари фидокор ва муътабари хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *