Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТ роҷеъ ба баромади фитнаю бадандешиҳои Б.Тағойзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо, омўзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии донишкада тариқи васоити ахбори умум бохабар ҳастем, ки яке аз пайравони гуруҳи 24 афроди сиёҳдили кўрнамак Беҳрўз Тағойзода дар барномаи ифротӣ бо номи “Садои мардум” ба ҳар амалҳои роҳбарияти кишвар беасос туҳмату ғайбат намуда, пешравии давлатамонро нодида мегирад. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки воқеан ин ашхоси бадсиришт имрўз дур аз ватан дар сояи хоҷагони худ зиндагонӣ карда, мехоҳад, ки боз дасисаҳои наве барпо карда, Ватани ороми моро ноором созад. Масалан ў санаи 8 августи соли равон чун тўтии сухангӯ дар шабакаи иҷтимоӣ доир ба масоили сафари навбати роҳбари кишвар рангу тобиш дода, барои фиреби чашми мардум, ба суолҳои қаблии омодакардаи ҳаммаслаконаш оид ба масоили сиёсати имрўзаи давлату ҳукумат суханҳои беасоси сафсаташро пешаи худ карда, бо ин роҳ дастовардҳои кишвари азизамонро нодида мегирад. Аз ин рў аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меоварем, ки ҳаргиз фирефтаи суханҳои гурўҳҳои ифротгароӣ ва бадандеши Б.Тағойзода нашаванд. Зиракии сиёсиро аз даст надода пайваста дар фикри ободии сарзамини азизи хеш бошанд, зеро Ватан барои ҳамаи инсонҳои сайёраи рўи замин, ононе, ки соҳибватананд, азизу муқаддас аст. Мо, ҳамагон, якҷоя бояд шукргузорӣ аз ҳастии чунин Ватани маҳбубу муқаддасамон кунем ва ҳаргиз ба фитнаю бадандешиҳои Б.Тағойзода, яъне хоинони миллат иҷозат надиҳем, ки Ватани маҳбубу муқаддасамонро бадном кунанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *