Мо омўзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва рўси оид ба лафсбозии М.Кабирӣ дар хориҷи кишвар изҳори ақида намуда, қайд менамоем, ки Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб гардида, имрўз дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ обрў ва эътибори баландро касб намудааст.Эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низ яке аз барномаҳои созандае ба шумор меравад, ки барои пешрафту тараққӣ ва некуаҳволии мардуми шарифи кишвар нигаронида шудааст.Ҷои таассуф аст, ки дар ҷамъиятҳои осоишта шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое низ ҳастанд, ки кўшиши мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Масалан ҲНИ таҳти роҳбарии М.Кабирӣ аз қабили чунин ниҳоти диниву мазхабии тундрав, нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанўз ҳам дар барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад. Имрўз роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни он дар кишварҳои Аврупо бо ҳаргуна баҳонаи беасос ҷамъомадҳои ифротиро баргузор менамоянд. Дар зимни ҳамоиш раҳбарони ҲНИ ва хоҷагонашон нерўҳои мухолифи Тоҷикистонро таъсис ва эълом кардани ҳастанд. Бо ин роҳи найрангу фиреби навбатиашон кўшиш доранд, ки бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори ҳориҷӣ муҳоҷирони тоҷикистонӣ, хусусан,намояндагони табақаи зиёиро ба ин созмон ҷалб созанд. Бо баробари ин инчунин созмонҳои ифротӣ, аз қабили «Гурўҳи 24», «Анҷумани озодандешони тоҷик» “Пайравони миллат” шомил созанд. Торҳои ин ташкилот дар бисёр минтақаҳои ҷангзада ва дигар кишварҳои пешрафта, бахусус дар Варшава паҳну парешонанд. Имрўз фаъолияти ҲНИ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, он расман Ташкилоти террористӣ-экстремистӣ Ҳизби назҳати исломӣ дониста шудааст. Дар ин бора дар якҷоягӣ бо хоҷагони хориҷиашон андеша кунанд. Бо баробари ин набояд фаромўш кард, имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткор, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодаанд.