ҲНИ ВА ХАРАКТЕРИ ИФРОТГАРОЁНА ДОШТАНИ ОН

              Муносибати ҳизбҳои сиёсӣ бо дин дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷўҳ қарор гирифта, танзими дақиқи худро пайдо кардааст. Муҳимтарин манбаи хуқуқие, ки масъалаи мазкурро ба танзим медарорад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

          Чуноне, ки  моддаи 8-уми Конститутсия низоми гуногунии ақоидатиро пешбини карда, муқаррар мекунад, ки «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб  иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳое наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ этироф шавад.

        Аммо фаъолияти ҲНИ дар солҳои охир нишон дод, ки дар амал мушаххас намудани марзи мафҳумҳои «ташкилоти динӣ» ва «ҳизби сиёсии характери динӣ дошта» бисёр мушкил мебошад. Маҳз ҳамин хусусияти васеи қонунгузорӣ мавриди сўйистифодаи ошкори ҲНИ қарор гирифтааст. Масалан, дар таҷрибаи худ ин ҳизб пайваста фаъолиятҳо ва маросими диние, чун мавлуд, ифтор, таълимоти динӣ, озмуни қориён, шаби Қадр, намози ид, мавъиза ва амри маъруф, ҷанозаҳо ва ғайраро баргузор менамоянд, ки ин фаъолиятҳо ба ҳизби сиёсӣ умуман хос нестанд.  Илова бар ин, ҳизби сиёсии динӣ дар таблиғоти ҳизбии худ аз мафҳум ва меъёрҳои динӣ ба таври васъ истифода намуда, аз дин ва аз эътиқоди динии мардум ҳамчун сармояи ҷиддии сиёсӣ истифода менамояд. Дар ин фаъолиятҳо ба таври дақиқ метавон дид, ки марзи байни «ташкилоти динӣ» ва «ҳизби сиёсӣ» аз тарафи ҲНИТ комилан поймол шудааст ва аз байн рафтааст. (А.Ҳаким Заволи ҳизби наҳзат. Минбари Халқ 14 октябри соли 2015. саҳ. 5.)

       Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳури иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусиятҳои террористию экстремистӣ доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд.

        Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта айбдор дониста шуда ба ҷавогарии  ҷиноятӣ кашида шуданд. Чунончӣ, Раиси бахши ҲНИ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин дар ҳайати иттиҳоди террористии «Ҷамъияти Ансоруллоҳ» таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси «Алии Бедакӣ» ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси «Мулло Абдулло» соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ҳангоми ба иттиҳоди террористии мазкур дастрас намудани моддаҳои кимёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир карда шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардидааст.

        Санаи 11-уми августи соли ҷорӣ 5 аъзои ҲНИ Саидов Д, Фозилов Д, Пиров Қ, Хоҷамуродов Т ва Абдуллоев Ҷ. барои барангехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ дар кўпруки деҳаи Чашма 1-и шаҳри Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии «Давлати исломӣ»-ро овехтанд. Дар ин амалҳои ғайриқонунӣ Мавлонов Қурбон – роҳбари ҲНИ дар бахши шаҳри Норак низ алоқаи бевосита доштааст.

        Бо мақсади бо роҳи зўроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо роҳи зўроварӣ тағир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои Раёсати Олии ҳизби номбурда бо собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо зиёда аз 20 гурўҳи ҷиноятӣ иборат аз 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода муовинони Раиси ҲНИ Ҳисайнов Умаралӣ ва Ҳайитов Муҳамадалӣ-ро вазифадор намуданд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона ташкил намоянд.

         Бо ин мақсад шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 номбурдагон тибқи нақшаи амалҳои ҷиноятии таҳияшуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин заданд. Миннбаъд, Назарзода А.М. ва дигар аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки баҳри таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон дар ҳолати иҷрои вазифаҳои хизматии худ қарор доштанд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рўдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд.

        Аз маводҳои таркандаи намуди норинҷак истифода намуда, таркишҳо содир карданд, ки дар натиҷа 10 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 7 нафари дигарашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

        Ҳамин тариқ муаян карда шуд, ки мақсади асосии пешвоён ва  аъзои фаъоли ҲНИ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда кўшиш ба харҷ доданд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор сохтан иборат мебошад.

       Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намуда, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) – террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизби мазкурро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намуд. (ҲНИ ташкилоти ифротгарою террористӣ эълон ва фаъолияташ манъ шуд. АМИТ «Ховар» Душанбе, 29.09.2015. Минбари халқ 30 сентябри соли 2015. саҳ- 9.)

        Хотирнишон менамоем, ки ташкилоти нахустини ҲНИ ҳанўз соли 1978 дар савхози «Туркманистон» ноҳияи Бохтар таҳсис ёфта, дар марҳилаи аввал ба монанди созмони махфии «Бародарон мусулмонон» ба таври пинҳони амал мекард.

        26 октябри соли 1991 анҷумани муассисони ҳизб ба таври расми баргузор шуд ва солҳои 1991-1993 ҳизби мазкур фаъолияти ошкоро дошт. 21 июли соли 1993 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори ҲДТ, ҳаракати «Растохез» ва созмони «Лаъли Бадахшон» барои ташкили намоиши бардавом дар майдони «Шаҳидон», дар моҳҳои март-майи соли 1992, ки ба ҷанги бародаркуш оварда расонид, фаъолияти ҲНИ маън карда шуд. Роҳбарони ҳизб ба Афғонистон фирор намуда, дар он ҷо моҳи июли соли 1993 Иттиҳоди мухолифи тоҷикро ташкил намуданд, ки ба ҳайати он намояндагони ҲНИ низ шомил буданд. (Сборник статей. Миротворческие процессии в Таджикистане. Душанбе 1998 – стр. 341.)

         Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 28 октябри соли 1999 бо мақсади ба амал омадани тафоҳуми амалӣ миёни нерўҳои дорои мавқеи сиёсии динӣ ва дуняви дошта, бо мақсади истиқрори сулҳ ва ризояти миллии байни тоҷикон, мутобиқи моддаи 28-и Конститусияи Тоҷикистон, ки таҳсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти динӣ дошта рухсат медиҳанд, нахустин ҳизби дорои хусусияти динӣ яъне Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро маротибаи дуюм ба таври расми ба қайд гирифт.

      Раиси собиқи ҲНИ М.Ҳимматзода мақсаду мароми ҳизбро чунин баён намуда буд: Кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуроте, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷи барои иҷрои вазоиф дастраси мо мешуданд, ба роҳ монда шуда буд. Дар ин маврид донишҷўёне, ки муҳассилини давлатҳои хориҷӣ буданд, ба мо кўмакҳои хубе кардаанд.

     Кутубу рисолоти пешгомону пешвоёни давлат ва ҳаракатҳои исломии олам Шайх Ҳасани Бано, бародарон Саид Қутб ва Муҳаммад Қутб, Саид Ҳавво, Абдуллои Мавдудӣ боис гардиданд, ки мо ба худ роҳ ёбему, тарзу усули муборизаро биомўзем.

      Ислом танҳо иборат аз ибодат нест. «Ислом ҳам дин, ҳам сиёсат, ҳам дунё ва ҳам охират аст». (Кенҷаев С. Табаддулоти Тоҷикистон, қис 1. – Душанбе 1993 – саҳ. 259 )

     Хақ  бар ҷониби яке аз донишмандони мазҳаби ҳанафӣ эшони Ҳикматуллоҳи тоҷикободӣ аст, ки зарурият надоштани ташкили чунин ҳизбҳоро дар Тоҷикистон таҳкид намуда, гуфта буд: «Барои мазҳаби Ҳанафӣ ҳизби наҳзати ислом лозим нест. Ҳизби мо Қуръони маҷид аст, ки аз тарафи худои яккаву ягона ба рўи замин омадааст.

Бобоев Абдукарим
муаллими калони  каф.чомеашиносии

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *