Изҳороти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ оид ба сарчашмаҳои террору даҳшатафканӣ дар замони муосир

 

Ислом шакли махсуси ҷаҳонбинии тавҳидиест, ки дар тӯли таърих нерӯҳои муайяни сиёсӣ онро баҳри  ҳадафҳои хеш истифода карда бошанд ҳам, худи он ҳамчунон поку беолоиш боқӣ мондааст. Дар давоми асрҳои миёна, ҳадафи стратегии дини мубини ислом ва умуман рисолати ҷавҳарии он иборат аз “муттаҳид намудан”, “бо ҳам овардан” ва “бо ҳамдигар мувофиқу ғамхор намудани қавму миллатҳо ” муаррифӣ мегардад, на тафриқа ва ҷудоӣ андозӣ.

Имрӯзҳо бисёрмазҳабии исломӣ миёни мусулмонони дунё мушкилоти ҷадид ва хунинеро ба бор овардааст.Ба ҳамагон маълум аст,ки кишварҳои абарқудрати дунё барои ба даст овардани манбаҳои ашёи хом, ки бештари ин манбаҳо дар кишварҳои исломӣ- арабӣ мавҷуданд, аз ҳама омили содда ва барои онҳо қулай истифода бурдан аз дин ва мазҳабро роҳандозӣ кардаанд.

Таърих гувоҳ аст,ки баробари ба саҳнаи таърих ворид шудан ва ё тарҳрезӣ шудани фирқаву ҷараёнҳои исломӣ, ҳаводорони онҳо худро мусулмонони воқеӣ нишон дода,бо мақсади густариш додани равияи худ, нақшаҳои пинҳонии   хоҷагони   худро амалӣ мекарданд. Имрӯз низ ин хатои  таърихӣ борҳост, ки такрор мешавад ва мусулмонони зиёде аз ҷониби ин гурӯҳҳои зархарид  азият мекашанд. Ба монанди ҳаракат ва ё гурӯҳи бо ном “Далати исломӣ” низ имрӯзҳо ба хотири ҷори намудани “Исломи ноб” зери шиори “Ғазовот” ҷанги муқаддас барои дин, мусулмонони зиёдеро, ки пайрави дигар масҳабҳову фирқаҳо ҳастанд, ба марг маҳкум намуда истодааст. Ҳол он ки шартҳои оддитарини ғазовоти исломӣ, пеш аз ҳама зарар нарасонидан ба амволи мардум, қатл накардани мардумони беяроқ ва осоишта,  занону  кӯдакон ба ҳисоб меравад.  Ҳол он,ки дар ҳадиси Паёмбари акрам (с)  чунин омодааст: “мусулмон касест,ки мусулмонон аз дасту забони ӯ солим бимонанд”.

Ислом ба зоти худ надорад айбе

Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост

Дар ҷаҳони муосир ва замони пурихтилоф ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое, ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром ,ғояву андеша, афкори хешро  бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Пас аз пош хӯрдани  Иттиҳоди Шӯравӣ дар аксарияти кишварҳои минтақа, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳамингуна ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳо, аз қабили “Ваҳҳобия”, “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҳизб-ут-таҳрир, равияи динии “Салафия”, “Ҷамъияти Ансуруллоҳ”, ”Гуруҳи-24”  ва ғайраҳо пайдо шуданд, ки мақсади онҳо заиф намудани пояҳои давлатдорӣ ва киштани тухми низову нифоқ дар ҷомеа ва ноором сохтани вазъи сиёсии он мебошад. Чунин амал экстримизм аст ва дар аксар маврид он  ба ихтилофу ҷудоиандозӣ, душманӣ, нооромӣ дар ҷомеа ва баъдан ба оқибатҳои фоҷиангез меоварад. Беҳуда нест, ки Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ кайд карданд, ки “терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст”.  Бо назардошт ва падидаҳои номатлуб бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчун гурӯҳҳо ва ташкилотҳои терористӣ, экстримисти ва ғайриқоуни манъкарда шудааст.

Имрӯзҳо мо мебинем, ки аз кишварҳои мухталифи  дунё инчунин мутаасифона аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бархе аз ҷавонон дар натиҷаи   костагии  маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ  ва динии хеш шомили гурӯҳҳои ифроти гашта ба номи тоҷику Тоҷикистон доғ меоранд.  Ҳол он , ки дар қаламравӣ кишвар ҳамагуна шароит барои зиндагии хушбахтона муҳайёст. Бояд ҷавонон бештар ба театр, китобхонаҳо, маҳфилҳои илмиву адабӣ ва фарҳангию фароғатӣ рӯй оранд. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавонанд ҷаҳонбинии худро васеъ намуда некро аз бад ба пуррагӣ фарқ намояд.

Бояд ҳар як шаҳрванди ба ору номуси  кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орму осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нагардад. Ба хотири ҳифзи  сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа, мо ҳама муттаҳд бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *