Баъди мамнўъ гардидани фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом ҳама фаҳмид, ки ин ҳизб ва амалу рафтори он хилофи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маълум гардид, ки аъзоёни ин ташкилот пайваста барои ноором намудани вазъи мўътадили мамлакат кўшидаанд ва дар ҳақиқат ҳизби наҳзати исломӣ ташкилоти ҷинояткор буданаш исбот шуд. Воқеан Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун ТТЭ эътироф гардида, фаъолияташ ба иғвоангезию ҷинояткорист. Агар дар аввали фаъолият ин ҳизб диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш на онқадар ҷалб карда бошад, алҳол бошад таҳти роҳбарияти М.Кабирӣ ва тамоми намояндагоне, ки аъзои ин ҳизб буданд, бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопокашон аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодаанд.
Ҳоло мо дар асри XXI қарор дорем. Агар ин аср, аз як тараф, асри ҷаҳонишавию пешравӣ бошад, аз тарафи дигар, муқовимати шадид бар зидди терроризму экстремизм ба тамоми олам маҳсуб меёбад. Ҳозир бошад, дар давре, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатдўст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва маҳкум намудани терроризму экстремизм.
Пойдор намудани сулҳу ваҳдат ва ягонагии кишвар, устувор гардондани пояҳои истиқлолияти давлатии тоҷикистон, шикаст додани қувваи душманоне, ки мақсади аз байн бурдани пешравию тараққиёти миллати моро доранд.
Моро зарур аст, ки ҳушёрию зиракии сиёсии худро аз даст надода, бар зидди фаъолияти ТТЭ ҲНИ муборизаи ҳаматарафа барем.