Изҳороти аҳли ҷомеаи факултети тиҷорат, гумрук ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд перомуни дӯстиву ҳамкорӣ миёни халқҳои бародари тоҷику қирғиз

Таърих гувоҳ аст, ки халқҳои тоҷику қирғиз дар як сарзамин бо унвони Осиёи Марказӣ аз даврони қадим чун бародарон, бо ҳамдигарфаҳмию дастгирии якдигар умр ба сар мебаранд. Дар байни ин ду халқ ягон заминаҳои иҷтимову иқтисодӣ ва ё сиёсие, ки мавриди ихтилоф бошад вуҷуд надоранд.
Мо фарҳанги ыадима ва щании муштарак дорем, ки дар тӯли таърих новобаста ба таъсирҳои омилҳои беруна меҳвари аслии бародарию ҳамдигарфаҳмии худро нигоҳ дошта меояд. Албатта дар ҳамсоягӣ баъзан якдигарнофаҳмӣ рух медиҳанд, ки мисоли он ноҷӯрӣ дар масъалаи тақсимоти обу замин дар минтақаи Исфараи Тоҷикистон ва Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, ки онро албатта истисно бояд ҳисобид.
Табиист, ки мо дар ҷомеаи демократӣ ҳаёт ба сар мебарем ва чунин ҷомеа озодии рафтор, муносибат, интихоби озод ва амсоли инро тақозо ва таъмин мекунад, аммо ин озодиҳо бояд меъёр ва ҳадди худро дошта бошанд ва набояд, ки бо нофаҳмии чанд нафаре дӯстии бисёрасраи мо халадор гардад. Ҳарчанд ҳудуди ҳар гуна озодиро пеш аз ҳама қонунҳо муайян мекунад, аммо дар ин самт маърифати инсонӣ бояд нақши муҳимро дошта бошад.
Алҳол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд дар он доранд, ки масъалаи мавҷуда бо роҳбарияти олимақоми Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳи гуфтушунид, музокираҳо сурат гирифта, дар натиҷа бо ҳусни тафоҳум анҷом пазирад.
Дар интиҳо доир ба масоили матраҳгардида таъкидан қайд менамоем, ки мо бояд имрўз ба ҳар гуна иғвоҳо ва дасисаҳои беруна фирефта нашуда, дӯстиву рафоқат ва анъанаи неки ҳамсоядориро риоя намоем ва ба ин амал ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ боварии комил дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *