Мо омӯзгорони кафедра нисбати афроде бо номи Аловатшоев Амриддин, ки санаи 13 феврали соли равон бо муроҷиатномаи худ сокинони ВМКБ баромад намудааст, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш додашуда, ибрози андеша менамоем.
Бояд қайд кард, ки Аловатшоев Амриддин зимни муроҷиатномаи худ пеш аз ҳама аз ҷиноятҳои қаблии содирнамудааш сахт пушаймон шуда, иқрор шуд. Қайд гардид, ки қаблан барои содир намудани амалҳои авбошӣ ӯ 2 сол аз озодӣ маҳрум шуда будааст. Баробари ин нисбати амалҳои ғайриқонунии гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ шаҳри Хоруғ бо далелҳои амиқ баён кард ва мо маълумоти иловагӣ пайдо намудем. Аз ҷумла қайда шуд, ки баробари рузҳои гирдиҳамоӣ дар шаҳри Хоруғ, тибқи супориши гуруҳи муташаккили ВМКБ аз ҷониби Амриддин Аловатшоев дар назди бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Федератсияи Русия гирдиҳамоӣ ташкил кардааст. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад,ки амали хиёнаткоронаи гурухи муташаккили ҷиноятӣ боз аёну тасдиқи худро ёфт.
Инчунин аз сухани Аловатшоев А. бармеояд, ки ӯ бачаи тағои яке аз саркардагони гуруҳи муташаккил Г.Зиёбеков будааст. Бояд ёдовар шуд, ки ин афроди ҷиноятпеша дар содир намудани якчанд ҷиноят, аз ҷумла лату кӯб намудани ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа А. Абирзода, барангехтани ҳисси инсонбадбинии миллӣ, маҳаллӣ дар соли 2020 айбдор карда шуда буд.
Баробари ин қайд кардан зарур аст, ки Амриддин дар давоми муроҷиатномааш оид ба рафтору амалҳои яке аз саркардагони гурӯҳи муташаккилӣ ҷиноятии Хоруғи боло бо номи Муҳаммадбокир сухан карда, нисбаташ эроди ҷиддӣ гирифт. Аз ҷумла, қайд кард, ки Муҳамадбокир якчанд ҷиноятҳои вазнин содир намудааст, ки Аловатшоев А. шоҳид буда, ба ин ҳодисаи номатлуб низ даст задааст. Имрӯз ба худ хулоса бароварда, сахт пушаймон пушаймон шуда, аз ҳудуди Федератсияи Русия ба диёри худ баргаштааст ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шудааст. Шояд баъд гуфтугӯи иттилоотӣ, алалхусус баъд аз муроҷиатномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва баромади раёсати маорифи вилоят гумроҳшудагон ва умуман гуруҳҳои муташаккили ҷионяотии шаҳри Хоруғ айби худро дарк намуда, мисли Аловатшоев Амриддин ба гуноҳашон иқрор шаванд ва минбаъд бо назардошти ақидаҳои солиму возеҳ шарҳ додашудаи мо, роҳи дурустро пеша кунанд!
Дар фарҷоми изҳороти хеш хулосабарорӣ карда, қайд менамоем, ки имрӯз бо баробари дучори хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор доштани ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин дурӯғгӯӣ, ғайбату тӯҳамат ба назар мерасад. Бинобар ин ҳамаи моро ба дарёфти тадбиру роҳҳои муқовимат бо онҳо водор месозад. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси волидайн, омӯзгорон ҳар фарди худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гиранд, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоянд.