Изҳороти кафедраи назарияи иrтисод перомуни ҳаводиси Бадахшон ва фаъолияти гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар солҳои охир корҳои зиёде амалӣ шудаанд ва мушоҳида мешавад, ки мардуми  вилоят барои  ободу зебо ва тараққиёти иқтисодии  диёри худ фаъолияти босубот бурда истодаанд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда  як гурӯҳи муайян мехостанд доимо вазъиятро тағйир диҳанд. Бо вуҷуди ин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо суҳбатҳои ру ба руи  мардум шароитро тағьир диҳанд.

Дар мулоқот бо фаъолон ва роҳбарони вилояти Бадахшон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башиддат аз вазъи ҷиноӣ (криминогенӣ) дар ин вилоят интиқод кард ва роҳбарони Бадахшонро айбдор кард, ки зӯрашон барои саришта кардани “се-чор ҷинояткор” намерасад. Президент кишвар Эмомали Раҳмон барои барқарор кардани тартибот дар вилоят як моҳ фурсат дод ва гуфт, касе аз ӯҳдаи ин кор намебарояд, вазифаро холӣ кунад. Ӯ гуфт, барои ин метавонанд ҳатто аз қувваҳои мусаллаҳ низ истифода баранд.

Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин фармон доданд, то нирӯҳои иловагие, ки барои таъмини амнияти сафари ӯ ба Бадахшон партофта шуданд, то барқарор кардани тартибот дар инҷо бимонанд: “Ман супориш додам, дуюм бор такрор намекунам. Шумо бинед, чораҷӯӣ кунед! Тамоми қуввае, ки ҳаст, меистад, ба тартиб дароред, баъд баромада равад!”

Ба боварии нозирони умур, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки аз “се-чор ҷинояткор” аз ҷумла лидерони ғайрирасмии Бадахшон, ки сабаби ҳадафи асосии амалиёти нав дар ин вилоят низ ҳамин лидерҳо ва наздикони онҳоянд.

Ҳоло ҳозир сокинони Бадахшон аз ҳама гурӯҳҳои ҷинояткор, тоҷирони нашъамандӣ ва ғайраҳо безор ҳастанд. Аз ҳамин сабаб мардуми оддиро бояд ҳимоя намуд.

Дар вилоят дар натиҷаи содиршавии баъзе ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои махсусан вазнин, сатҳи умумии содиршавии  ҷиноятҳо боло рафтааст.

Хусусан  содир намудани ҷиноятҳои ғайриқонунӣ, яъне соҳиб шудан ба силоҳи оташфишон, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бо истифодаи силоҳ содир намудани ҷиноятҳо афзудааст.

Мардуми Бадахшон дар ин амалиётҳо ягон гуноҳе надорад ва онҳо дар ин шароити муташанниҷ фаъолият пурсамар бурда истоданд. Чи тавре, ки дар яке аз баромадҳояшон  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қайд намуда буданд: «Қадамҳои устувор бояд зисти осоиштаи инсонро таъмин намояд».

Вазифаи ҳар аъзои ҷамъият  аз он иборат аст, ки барои рушди иқтисодии ва  пешравиҳо боз ҳам кӯшишу ғайрат намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *