Изҳороти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ оид ба хатари ДИИШ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ

Таҳти назорати ҷангандаҳои ДИИШ даромадани ҳудудҳои бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳаммарз хатари бевоситаи террористиро барои тамоми минтақа ба вуҷуд меорад. Дар вилоятҳои Фороб, Сарипул, Самангон, Кундуз, Тахор ва Бадахшон аллакай як қатор пойгоҳҳо, марказҳои машқӣ, аз ҷумла барои занҳои террорист мавҷуданд. Ва агар дар Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии ФР  ҷойгир шудасту Ӯзбекистон артиши пурқувват ва ҳадамоти махсуси ҳирфавӣ дорад, аммо Қирғизистон (бо вуҷуди мавҷудияти пойгоҳи ҳавоии Русия дар Кант) ва Туркманистон звеноҳои суст ба шумор мераванд. Ба қавли сиёсатшиноси қирғизистонӣ Д.Бардаков дар ҶҚ солҳои охир дар созмонҳои гуногуни динӣ мавқеи худро хеле мустаҳкам кардаанд ва айни замон дар кишвар шумораи масҷидҳо аз мактабҳо зиёдтар аст.

Он чиз ташвишовар мебошад, ки аз 53 созмони динии фаъолияташон дар Қирғизистон расман иҷозат додашуда 20-тояшон дар Русия, Ӯзбекистон, Туркамнистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон мамнӯъ мебошанд, изҳори таассуф намудааст ин сиёсатшинос.

Дар навбати худ коршиноси ҳарбӣ Х. Союнов мегӯяд, ки “мавофиқи арзёбии ҳарбиҳо артиши Туркманистон суст аст ва хатто ба ҳазор ҷанганда муқобилият карда наметавонад. Зеро дар дохили Туркманистон ҳам кайҳо ячейкаҳои исломиҳои пинҳонкор ташкил шудаанд ва онҳо интизори лаҳзаҳои мувофиқ мебошанд”.

Албатта, сухан дар бораи ҳуҷуми миқёсан калон намеравад. Роҳбари маркази зиддитеррористии ИДМ А.Новиков изҳор дошт, ки “хатари ҷиддӣ барои давлатҳои ИДМ доир шудани ҳуҷумҳои” рӯҳбаландкунии созмонҳои террористии байналмилалӣ аз хоки Афғонистон ба ҳудудҳои давлатҳои дигар мебошад, яъне таъминкунии тактикаи гургҳои танҳо”.

Ба ин директори Хадамоти федеролии амнияти Русия А. Бортников ҳам диққат додааст. Вай мегӯяд, “роҳбарони созмонҳои террористии байналмилалӣ ҷонибдорони худро ба амалисозии ба ном ҷиҳоди мухтор роҳнамой мекунанд”.

Танҳо соли 2017 ҳадамоти махсуси Русия фаъолияти 56 ячейкаи пинҳонкори террористиро пешгирӣ намуданд, 1018 ҷангандаро дастгир карданд, 76 террористро несту нобуд намуданд ва 17,5 ҳазор шаҳрванди давлатҳои хориҷиро, ки ба ҳамдастӣ гумонбар буданд, ба кишвар роҳ надоданд.

Шумораи зодагони кишварҳои ИДМ ҳам, ки дар сарҳад бо давлаттҳои ОМ гирд омадаанд, хеле нигаронкунанда аст. Ин аз мавҷудияти пойгоҳҳои иҷтимоӣ ва идеявӣ барои паҳнкунии ғояҳои ДИИШ дар ҳудуди кишварҳои минтақа гувоҳӣ медиҳад. Ва носуботсозӣ дар шимоли Афғонистон боиси бетартибиҳо дар минтақаҳои наздимарзии кишварҳои ОМ шуда метавонад. Лекин нақшаҳои исломиҳо танҳо бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ маҳдуд намешавад. “Вилояти Хуросон” зидди Русия ҷанг эълон кардааст.

Ахиран ҳамлаи маргбори аъзоёни ДИИШ ба дидбонгоҳи марзии Ишқобод мардуми кишварро хеле нигарон намуд. Аммо мо боварӣ дорем, ки сарбозони шуҷои ватан зидди душманони миллат муборизаи беамон мебаранд ва намегузоранд, ки ҳеҷ бадхоҳе вориди хоки азизамон гардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *