Имрӯзҳо гурӯҳи ифротгаро бештари ҷавонони тоҷикро, ки дар берун аз марзи ҷумҳурӣ ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд ва бо сабаби надоштани даромади муносиб бо пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда, ба доми макри худ боз кашидан мехоҳанд. Ҳамчунин ба доми худ ҷавонони муҳассилини кишварҳои арабӣ таҳсилнамуда низ ҷалб мешаванд. Бо баробари ин, барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Инчунин барои ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи марказӣ низ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад.
Аз ин лиҳоз, бобати баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст.
Дар иртибот ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба масоили матраҳшуда кайҳо хулосаи зарурӣ бароварда имрўз ба ТЭТ ҲНИ эътимод надоранд, зеро чанги шахрванди дар кишвар, ки боиси марги даххо хазор ва машаққати ҳазорон нафар сокинон гардида, мучиби харбии иктисодии чумхури шуд, махз бо сабаби тундравихои хизби мазкур ба амал омада буд. Аз ин ру, мардум хузури сиёсии ҲНИ-ро дар арсаи давлатдори хамчун омили нооромии кишвар тасаввур мекунанд. Воқеан мардуми шарифи Тоҷикистон; кормандони муассисаҳои таълимӣ ба номуси ин мулки аз ниёгон мерос монда; ҳушёр ҳастанд дар ҳар куҷо, ки набошанд дар фикри ободи ва оромии Ватан ҳастанд. Миллати тоҷҷик ҳамдигарфаҳм ва муттаҳид аст. Истиклолияти давлатии Точикистон мухимтарин дастоварди миллати мо дар тулли ҳазор соли охир аст, ки ҳифзу гиромидошти он карзи шахрвандии мост. Аз ин ру, вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳони муосир аз мо беш аз ҳарвакта ҳушёрии сиёсиро тақозо менамояд.