Дар ин давраи ҳассосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқиммати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардиданд.
Қаҳрамониҳои Спитамен, Абӯмуслим, ватанхоҳиву муборизаҳои Темурмалику Шерак, исёни адолатхоҳонаю озодихоҳонаи Восеъ ва даҳҳо дигар мисоли равшани муборизаи аҷдодони мо баҳри истиқлолият мебошад. Аз ин рӯ, тавре баъзе муҳаққиқон ишора менамоянд, истиқлолияти тоҷикон, фақат натиҷаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ нест. Ҳаракати озодихоҳии ниёгони мо тӯли ҳазорсолаҳо идома ёфта, дар ибтидои асри ХХ шаклу мазмуни нав пайдо намуд. Муборизаи шадиди мафкуравии фарзандони бузурги миллати мо, ба мисли Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Алоуддин Баҳоваддинов, Абдулғанӣ Мирзоев, Муҳаммад Осимӣ, Сотим Улуғзода ва гурӯҳи калони олимону зиёиёни сарсупурда ва дурандеш набояд аз ёдҳо зудуда гарданд. Онҳо, барҳақ, барои бедорӣ ва худогоҳии миллӣ ба тариқи таҳқиқу таблиғи таърихи бисёрҳазорсолаи ниёгон ва мероси оламгиру ҷовидона мубориза бурда, халқи моро ба шоҳроҳи манфиатҳои аслии миллӣ ҳидоят намуданд. Зиёда аз ин, метавон гуфт, маҳз ҳамин кӯшишу ғайрати бошуҷоати онҳо, заминаи боэътимоди ташаккули ғояйи миллӣ гаштанд.
Яке аз ин ҳизбҳои зиддидавлатӣ – ТТЭ ҲНИ мебошад. Амали хиёнат дар арзишҳои ахлоқии инсоният бадтарин амал аст, зеро хиёнат ҳамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва нафари хоин сифати инсониро аз даст медиҳад.
Роҳбарони ТТЭ ҲНИ ҷоҳталобонаю мақомхоҳона аз дини мубини ислом сӯистифода карда, аз худ чеҳраҳои сиёсию мушкиосонкун вонамуд мекарданд. Вале дигар аҳли ҷомеа найрангҳои ТТЭ ҲНИ –ро медонанд. Наҳзатиҳо аз миллату мазҳаб ҳарф мезананд, вале аввалин хиёнатро ба миллату мазҳаб мекунанд. Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба миллат он аст ,ки ба хотири манфиатҳои молияви иродаи кишварҳои бегонаро зидди милату ватани худ амалӣ мекунад.