Аз файзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ Парчами Тоҷикистон парафшонӣ мекунад

«Парчами давлатӣ барои тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, Ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад». Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз нишонаҳое, ки мамлакат ва миллатро муаррифӣ мекунад, ин Парчам мебошад. Парчамро рамзи асосии кишвар дар тамоми дунё медонанд. Хусусан, барои миллати тоҷик Парчами миллӣ воситаи ифтихор ва худшиносии ҳар кадом аз шаҳрвандон аст.

24-уми ноябр дар раванди дигаргуниҳои кулли дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар Рўзи Парчами давлатиро таҷлил менамоянд. Эълон шудани Рўзи Парчами Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар замири ҳар фарди ватандўст ва сокинони Тоҷикистони азиз эҳсоси дўст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд. Чуноне, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст».

Аз ин рў, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ўро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузори ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рисолаи таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаҳои шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Агар Суруди миллӣ қалби миллатро ифода кунад, пас Парчамро сари баланди халқ метавон номид. Дар ҳар ҷое, ки Парчам барафрохта шавад мардуми кишвар бо сари баланд ба сўи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Парчами давлат дар баробари баёнгари озодӣ ва истиқлолият будан дар худ ормон ва умедҳои сокинони мамлакатро инъикос менамояд:

Сиришту сарнавишти халқу миллат,
Ҳувайдо мешавад аз парчами ў.
Ҷилову рангҳои рўи парчам,
Нишоне ҳаст аз шоду ғами ў.

Қадршиносӣ аз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрўз ва фардои халқ аст.

Файзи Истиқлолияти Тоҷикистон аст, ки дар ҳамаи давлатҳои дунё Парчами Тоҷикистон парафшонӣ мекунад ва ҳар шаҳрванди тоҷик  бо ифтихор аз ватани худ метавонад, дар тамоми олам умр басар барад. Чавонони бонангу ори тоҷик дар ҳамаи чорабиниҳои байнидавлативу байналмиллали ҳамеша Парчами давлатамонро баланд мебардоранд.

Парчами давлатии Тоҷикистон аз се ранг иборат буда, аз таърихи халқи тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Ранги сурх- рамзи шуои офтоб, равшанӣ, сурхруӣ, ҳаёти ҷовидон, фарҳанги ғанӣ ва таърихи қадима шаҳодат медиҳад. Ранги сафед- ин покнаҷоди, рўзи сафед, бахту иқболи сафед, рамзи тозагӣ, одоби ҳамидаи инсон, виҷдону дили пок, роҳи сафедро таҷассум мекунад. Ранги сабз- рамзи табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистон ва сарсабзиҳои онро дар бар мегирад.

Матои Парчами мо барсиришта,
Зи тору пўди як халқи ҳунарзод.
Фидокорӣ, ҳунармандӣ, дили соф,
Ба се ранги муҷалло Парчаме дод.

Соли 2011 баландтарин парчами дунё, ки дар шаҳри Душанбе сохта шуд ва ба китоби Рекорди Гиннес дохил гардид, ки баландиаш 165 метр, дарозиаш 60 метр ва бараш 30 метрро ташкил мекард ва ба ҳусни зебои пойтахти кишварамон ҳусни дигарро зам намуд.

Парчамбардорӣ ва парчамдорӣ ифтихори ҳар як ватандор аст. Парафшонии Парчам аз фатҳу қуллаҳои баланд ва ғалабаи мо тоҷикон дар ҳамаи соҳаҳо шаҳодат медиҳад ва ҳамчунин нишонаи сулҳу ваҳдат ва осоиш дар кишвари  Тоҷикистон аст.

Бори дигар Рўзи Парчами миллиро ба ҳамватанони азиз табрику таҳният гуфта, барояшон осмони софу беғубор, саодати зиндагӣ ва сарбаландию сарфарозиҳо таманно менамоям:

Муборак бод иди Парчами мо,
Муборак бод рамзи тоҷдорӣ.
Зи Истиқлолу аз расми ниёгон,
Бувад ин Парчами мо ёдгорӣ.

Нуъмон Раҷабзода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *