Изҳороти кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрук оид ба андешаҳои ифротгароёнаи бадхоҳони миллат

 

Дар ин давраи ҳассосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем.

Яке аз ин ҳизбҳои зиддидавлати ТТЭ ҲНИ мебошад. Амали хиёнат дар арзишҳои ахлоқии инсоният бадтарин амал аст, зеро хиёнат ҳамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва нафари хоин сифати инсониро аз даст медиҳад.

Роҳбарони ТТЭ ҲНИ ҷоҳталобонаю мақомхоҳона аз дини мубини ислом сӯистифода карда, аз худ чеҳраҳои сиёсию мушкиосонкун вонамуд мекарданд. Вале дигар аҳли ҷомеа найрангҳои ТТЭ ҲНИ –ро медонанд. Наҳзатиҳо аз миллату мазҳаб ҳарф мезананд, вале аввалин хиёнатро ба миллату мазҳаб мекунанд. Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба миллат он аст ,ки ба хотири манфиатҳои молияви иродаи кишварҳои бегонаро зидди милату ватани худ амали мекунад. Назҳатиҳо динро ҳам ба як омили хатарноки ҷомеа табдил додаанд. Дин ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи муосири тоҷикон  эътироф гашта, рисолати он дар тарбияи ахлоқии аҳли ҷомеа, хоса ҷавонон, ба таври бояду шояд баҳогузори мешавад. Аммо ба ҳар ҳол агар ҳаёти маънавии ҷомеаи Тоҷикистонро як узви том тасаввур намоем, дунявияту диният  ҷузъҳом алоҳидаи он мебошад. Пас, аз ин ҷо чунин бармеояд, ки муколама байни ҷузҳои ҷомеа меравад, ки ин дар доираи фалсафаи анъанавӣ ба мантиқ рост намеояд. Вале дар майдони фалсафаи иҷтимоии муосир, ки дар он ҷомеа ҳамчун низоми кушода баррасӣ мегардад,  муколамаи динияту  дунявият сурат мегирад, ҳолати муқаррарӣ мебошад. Вале боз таъкид менамоем, ки ин муколама бояд дар доираи далелҳои воқеи, одобу ахлоқи таҳаммулпазир сурат гирад. Дар ҷаҳонбинии дунявӣ  тарзи зисти одамон гуногун мазмун буда он аз ҷумла диният ва ғайридин буданро низ дар бар мегирад. Ин яке аз принсипҳои муҳими ҷомеаи демократӣ оиди озодии виҷдон аст. Таҷрибаи давлатҳои исломии ҷаҳон собит месозад, ки яке аз талаботи муҳими дар эътидол нигоҳ доштани ҷомеа  ин мавҷуд будани фарҳанги таҳаммулпазири нисбати онҳое, ки тарзи зисти онҳо қисман ба талаботи дин мувофиқат мекунад, аммо на ҳамаи талоботи шариат иҷро мегардад. Масалан, барои онҳо шахсе, ки аз нигоҳи худшиносӣ мусулмон ҳасту, вале намоз намехонад ва ё зане, ки дасту рӯи хешро бо чадра намепӯшонад мусулмон нестанд. Тавассути рӯзномаҳои хеш, ба воситаи магнитофонҳо дар  нақлиёт ва дар масҷидҳо зидди онҳое, ки намуди зоҳириашон ба талаботи дини ислом мувофиқ нест муборизаи шадиди мафкуравӣ мебаранд. Чунин рафтори хешро онҳо мубориза баҳри диният ҳисобида, зидди арзишҳои демократии Эъломия умумии ҳуқуқи башар баромад мекунанд.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *