ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКА ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНИИ ДИС ДДТТ НИСБАТИ ФАЪОЛИЯТИ ХОИНОНАИ ТЭТ ҲНИ

Мо, аҳли устодон ва омӯзгорони кафедра амалиёти ифротгаронаи наҳзатиёнро маҳкум менамоем.  Мақсади асосии наҳзатиён ниҳоят ошкор гардид, ки он аз даъватҳои оммавӣ ва барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, халалдор сохтани сиёсати ҷамъиятӣ ва амнияти давлат иборат аст.

Аз тарафи ин ҳизби ҷиноӣ нодида гирифтани дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат дар кишвар, мо омӯзгорон изҳори таассуф менамоем. Воқеан, роҳи дар давоми 27 сол тайкардаи мардуми кишвар таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми таърихи миллати куҳанбунёдамон беназир аст. Дар тӯли ин солҳои тақдирсоз чӣ қадар заводу фабрикаҳо, корхонаву ташкилотҳои нав, мактабҳо, муассисаҳои фарҳангӣ бунёду таъмир гардидаанд.

ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш ҳеҷ гоҳ сулҳу ваҳдати моро, ки барои ҳар яки мо – аз кӯдаки дар гавҳорабуда то пири барҷомонда чун гавҳараки чашм азиз аст, халалдор карда наметавонад.

Имрўзҳо, дар асоси сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвари азизамон, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ рўз аз рўз вусъати тоза ёфта истодааст.

Бинобар ин мо фаъолияти худро баҳри тарбияи ҷавонон дар руҳияи масъулияти ватандорӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, донишомўзиву азхудкунии технологияи муосир, пешгирии қонунвайронкуниву ҷинояткорӣ, мубориза алайҳи тақлидҳои ноҷо ба маданияти либоспўшии ба фарҳанги миллати мо бегона, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, таъмини волоияти қонун, тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ, тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он, фаъолнокӣ дар хамаи ҷабҳаҳои маъракаи бузурги бунёдкориву созандагӣ ва ҷалби теъдоди ҳарчи бештари ҷавонон ба раванди эҳёи ҳунарҳои мардумӣ равона менамоем.

Мо омўзгорон ҷавобан ба бовариву эътимоди давлату ҳукумат ваъда медиҳем, ки баҳри ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, густариши сатҳи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандустӣ дар ҷомеа пайваста кўшишу талош хоҳем кард! Ҳаргиз намегузорем, ки душманони миллати соҳибтаъриху фарҳангсолорӣ тоҷик ба мақсадҳои ғаразноки хеш бирасанд. Бо қатъият изҳор менамоем, ки  ҳеҷгоҳ нақшаҳои нопоки ТЭТ ҲНИ амалӣ намешавад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *