Изҳороти кафедраи математика ва технологияи инноватсионии  ДИС перомуни баромадҳои хиёнаткоронаи бадхоҳони миллат ва дигар гуруҳҳои ифротгаро дар сомонаҳои ифротӣ

 

Мо устодони кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ нисбати сомонаҳои ифротӣ ибрози ақида намуда, донишҷӯёнро даъват мекунем, ки чунин сомонаҳоро маҳкум намоянд. Гуруҳҳои ифротӣ, аз ҷумла наҳзатиҳо нахуст бо рамзҳои гуногун ба боварии мардум даромада, сипас ба нашри матлабҳои иғвобарангезу фитнаангез даст мезананд. Ҷавонони ноогоҳ бехабар аз воқеияти ҳол ба ин сомонаҳо даромада, дар ниҳоят ба як мушкилии бузург, яъне фанатизм вомехӯранд, ки асло аз он халос шудан имкон надоранд.

Ҳоло аъзоёни ташкилотҳои террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом ва Паймони миллӣ дар хориҷи кишвар-Аврупо қарор гирифта, талош менамоянд, ки бо роҳҳои гуногун мафкураи ҷавононро вайрон намоянд ва онҳоро ба роҳгумӣ баранд, ки ин хиёнати бузурги хоинони бадкеш бар миллат аст.

Мо аҳли омӯзгорони кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ба мардуми шарифи кишварамон даъват менамоем, ки ҳушёрии сиёсиро нигоҳ дошта, дар рӯзномаҳо ва сомонаҳо фаъол шуда, нисбати баромадҳои бӯҳтономӯзи душманони халқи Тоҷикистон ҷавоби сазовор диҳем.Аз ҷумла:

  • нисбати давлату кишвари мо маълумоти бардурӯғ паҳн намудани онҳо ҷавобҳои сазовор диҳем;
  • ҷавононро ба корҳои созандагӣ, ободонӣ, омӯзиши илму касбу ҳунар равона намоем;
  • ҷавонон дар амалӣ сохтани ҳадафҳои асосии кишварамон, ба монанди амалӣ сохтани амнияти озуқаворӣ, ҳалли проблемаҳои энергетикӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ҳидоят намоем;
  • оид ба эълон шудани 20-солаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро иҷро кунем;
  • бо барномаҳои давлатии амалисозии омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷавононро шинос намуда, савияи ангезаи маърифатии онҳоро вусъат диҳем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *