Изҳороти кафедраи математекаи олӣ ва технологияи инноватсиони нисбати перомони конфронси солонаи навбатии Созмони амният ва хамкори дар Аврупо тахти унвони «Оид ба чорахои татбикшуда дар самти андозагирии инсони» ва ба он даъват шудани аъзоёни ТТЭ ҲНИ

Мо, устодони кафедраи математекаи олӣ ва технологияи инноватсионӣ ба кулли ҷавонони ояндасози миллати хеш муроҷиат намуда, мехоҳем диққати онҳоро ба муҳимтарин масъалае, ки имрўз ҷомеаро ба ташвиш овардааст ҷалб намоем. Воқеан, имрӯзҳо терроризм ва  экстремизм  бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст ва аз ин рӯ зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи онро бояд омӯхт. Натиҷагирӣ доир ба масоили  ҳолати кунунии фазои эътиқоди динӣ нигаронкунанда аст. Таассубу хурофот, коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ, маргталабиҳои динӣ, сўиистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии гурўҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб, ки имрўзҳо ба тамоюли хатарнок табдил ёфта, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пуштибонӣ аз ҳар гуна мазҳабу равияҳо ба назар мерасанд.

Чунончӣ, Ташкилоти террористӣ-эктремистии Ҳизби назҳати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) аз кабили чунин ниҳоти диниву мазхабии тундрав, ки нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд  овардан мехоҳад ва бо истифода аз пуштибонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанўз ҳам барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад. Мутаассифона, баъзе шахсони содда ва зудбовар фирефтаи суханони дурўғини чунин бадхоҳону бадандешон мешаванд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Бо баробари ин ,ба андешаи мо, вокуниш ба таҳдидҳои рўзафзуни терроризм ва ифротгароӣ бояд бо нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он фарогир ва амиқ гардонида шавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *