Изҳороти кафедраи математика ва технологи инноватсионии ДИС ДДТТ оид ба пешгирии бемории короно ва ба воҳима наафтодани мардум

Ахиран Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии сироят ва паҳншавии коронавирус расман эълом дошт, ки дар ҷумҳурӣ бемории КОВИД-19 пайдо шудааст ва тавсия додааст, ки сокинон барои эмин мондан аз вирус ниқоб пӯшанд ва дигар қоидаҳои санитарии шахсиро риоя намоянд. Дар навбати худ, табибон мегӯянд, аз эълон дар бораи сирояти вирус мардум набояд ба воҳима дода шаванд.

Мо бояд щама як нуктаро дарк намоем, ки КОВИД-19 беморие нест, ки ҳама аз он бимирад ва аксари мардум онро мисли зукоми маъмулӣ пушти сар мекунанд.

«Аз ин касалӣ тарсидан, воҳима кардан ҳеч зарурат надорад. Танҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ, бо фосилагузорӣ дар байни ҳамдигар, шустани пайвастаи дастҳо ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ метавон ба ин касалӣ мубтало нашуд. Дар ҳоли мубтало шудан ҳам ҳеҷ ҷойи воҳима надорад. Инро аксари мардум хеле осон аз сар мегузаронанд ва ин касал низ сартосар кушанда нест», — таъкид менамоянд пизишкони Бемористони Сино.

Агар мардум қоидаҳои беҳдоштиро риоя карда, ба воҳима дода нашаванд, Тоҷикистон ин бемориро давоми ду-се моҳ паси сар мекунад. Мо боварӣ дорем, ки мардуми сарбаланди кишвар ин рӯзҳои мушкилро паси сар карда, боз ба зиндагии осудаи худ бармегарданд ва аз ҳама сокинон даъват ба амал меоварем, ки бо овозаҳо дода наушда, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд ва саломатии худ ва фарзандонашонро эмин нигаҳ доранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *