Яке аз вазифаҳои муҳим ва қарзии ҳар як фарди баору номус ин пеш ҳама ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллиии худ аст, на бегонагон. Албатта дӯст доштани Ватан, хоки муқаддаси он арзишҳои умумибашарии он аз имону виҷдони мардигарист. Аз ин ҷост, ки сарвари оқилу хирадманди тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми саодатманд ва ваҳдатшиори кишварро ба худогоҳии миллӣ ва масъулиятшиноси дар шинохти асолати ватандорӣ талқин менамоянд, ки : “…Яъне ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар яки мову шумо – аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад…”. Дар ҳамин радиф мо бояд масъулияти хешро бар зидди онҳое, ки ба ҳар восита гиромидошти арзишҳои миллии мо халал ворид месозанд бештар намоем. Чунки нохалафоне ҳастанд, ки пешравии миллати моро чашми дидан надоранд.
Имрӯз мо аз қувваи заифи ин душманон наметарсем ва муборизаи алайҳи ин нохалафон аз тарсу табоҳ нест, балки ташвиш аз он дорем, ки ҷавонони мо гумроҳ нагарданд ва ҳаёти ҷавони худро дар майдонҳои набарди кишвари бегона сипар насозанд. Ин аст ҳадафи асосии мо дар мубориза ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро.
Мо, миллати худро дар фазои ободу озод ва шукуфон дидаем ва вазифадорем, ки онро дар шароити аз ин ҳам беҳтар ба наслҳои оянда мерос гузорем. Зеро Истиқлолият барои ҳар як фарди солимақлу равшанзамир, рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати бебаҳо, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорона ва расидан ба ҳадафҳои асосии давлату миллат буда, он меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин кардааст.
Озодӣ дар фазои Истиқлолият буд, ки мо афкори озод ва муҳимтар аз ҳама зиндагии тинҷу осоиштаро паси сар менамоем. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.